Три медведя

“Агар манзили Шумо…”. Дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ


Listen Later

Ҳар як соҳибмулк ҳуқуқ дорад, ки пеш аз бартараф шудани манзилаш бо ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ шинос шавад.

Бо тамоми ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ ошноӣ пайдо кардан, барои ҳар соҳибмулке, ки манзилаш дар арафаи тахрибшавӣ аст, муҳим ва зарур мебошад. Ҳамчунин ширкати сохтмонӣ низ вазифадор аст, ки соҳибмулконро бо ҳуҷҷатҳое, ки барои ҳамкории ояндаашон зарур аст, шинос намояд.

Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо  Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, силсилаи подкастҳои “Агар манзили Шумо…” – ро омода намудаанд, дар нашри навбатӣ масъалаҳои дастрасии соҳибмулконро ба ҳуҷҷатҳои ширкати сохтмонӣ баррасӣ мекунем.

Ҳар як ширкати сохтмонӣ бояд оиннома, шаҳодатномаи фаъолияти сохтмонӣ, иқтибос аз феҳрасти равзанаи Кумитаи андоз, қарорҳои расиони шаҳру ноҳия оиди вобаста кардани қитъаи замин  ва иҷозатномаи анҷом додани сохтмон, иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ дошта бошад.

“Танҳо дар ин ҳолат ширкат метавонад ба сохтмончиён кафолат даҳад, ки пурра товони зараро ҷуброн мекунад ва сари вақт манзили истиқоматиро сохта ба истифода медиҳад.

Соҳибмулконро низ лозим аст, ки пеш аз ҳамкорӣ бо ширкат бо ҳуҷҷатҳои он шинос шавад. Агар ширкат аз нишон додани ҳуҷҷатҳои лозима даст кашад, соҳибмулк метавонад ба суд муроҷиат кунад”, - мегӯяд, ҳуқушинос Абдураҳмон Шарипов.

Бояд қайд кард, ки подкасти мазкурро Академияи подкастҳои “Три медведя” дар якчоягӣ бо  Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” омода намудаанд.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Три медведяBy YOUR.TJ