Бо садои Муҳаммадаминҷон Ман имшаб дастҳоям бурда боло
Супурдам дил ба он волои воло
Аз аъмоқи вуҷуди хеш
Худоямро садо кардам
Намедонам чӣ мехоҳӣ?
Вале имшаб барои ту
Барои рафъи ғамҳоят
Барои қалби зебоят
Расӣ бар орзуҳоят
Ба даргоҳаш дуо кардам
Ва медонам Худо
Аз орзуҳоят хабар дорад
Ва бо қалбам яқин дорам
Дуоҳоям асар дорад