Дуруду саломи Худованд бар шаҳидону муҷоҳидон бод! Боғи шаҳидон
Дар шаҳри мо боғест
Боғи саросар гул
Боғи пур аз лола
Боғи пур аз сунбул
Боғе, ки дар сина
Сад каҳкашон дорд
Як осмон дар худ
Рангинкамон дорад
Ин боғ пайваста
Боғест атромез
Боғе, ки дар ҳар фасл
Сабз асту дилангез
Дар чаҳор фасли сол
Ин боғ хандон аст
Ин боғи сурху сабз
Боғи шаҳидон аст
Б. Маликӣ