Қорӣ Амриддин در سوگ حضرت رسول خدا محمد مصطفی صلی الله علیه و آله Дареғо он маҳи фаррухлиқо рафт
Гуле аз гулбуни боғи вафо рафт
Ба аҷзу ноз омад он вафодор
Дареғо ӯ аз ин дори фано рафт
Бигирйед, эй мусулмонон, бигирйед
Аз ин мотам дили олам зи ҷо рафт
Расули Ҳошимӣ, шоҳи ду олам
Чӣ хуш бар ҷониби дорулбақо рафт
Дами охир забонаш умматӣ буд
Ба дарду доғи уммат мубтало рафт
Ба ҷаннат ҳуриён мотам гирифтанд
Ки аби ҳазрати Хайруннисо рафт
Малоикҳои аршу фаршу курсӣ
Ҳама гирён, ки шоҳи анбиё рафт
Ҳама асҳоб гуфтанд: Во вайло
Ки аз ҷамъи саҳоба Мустафо рафт
Фалакро дил ба ҳоли кас чӣ сӯзад
Ки аз байни мо ин пири Худо рафт
Намонад дар ҷаҳон боқӣ ба ҷуз Ҳақ
Ҳама аҳли фано охир фано рафт
Ҳасан сокит машав аз мадҳи ҷонон
Ки маддоҳаш ба сад лутфу ато рафт