Radio Doostitj

Дар васфи имом Ҳусейн در وصف امام حسین


Listen Later

Дӯст дорам ...
Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ибни Алӣ ва шаҳидону асирон Карбало ва дӯстдорони онон бод!
Дӯст дорам то ту дар худ маҳву ҳайронам кунӣ
Қатраам восил ба дарёи хурушонам кунӣ
Дӯст дорам зарра бошам, то ки дар амвоҷи нур
Дар бағал гириву хуршеди фурӯзонам кунӣ
Дӯст дорам пой то сар қитъаи абре шавам
То ба хоки лолаҳои хеш боронам кунӣ
Дӯст дорам то дами рафтан бигирям дар ғамат
К-аз каромат хандае бар чашми гирёнам кунӣ
Дӯст дорам гирди Аббосат бигардонӣ маро
Ё ки ҳамчун турраи Акбар парешонам кунӣ
Дӯст дорам то шавад қалбам чу ҷисмат чок-чок
Дар канори қатлгоҳи хеш меҳмонам кунӣ
Дӯст дорам то бо ёди ташнагиҳои лабат
Сӯзиву обам кунӣ, якбора тӯфонам кунӣ
Дӯст дорам то вуҷуди чун биёбони маро
Бо дами ҳамчун Масеҳо боғу бустонам кунӣ
Дӯст дорам дар Минои ишқ ҳамчун гӯсфанд
Баҳри ризвони Худо омода, қурбонам кунӣ
Дӯст дорам булбули кӯи ту бошам, эй Ҳусейн
Бо иноят баҳри ишқи Ҳақ санохонам кунӣ
...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Radio DoostitjBy Salam Amin


More shows like Radio Doostitj

View all
المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

4 Listeners