Дар нашри панҷуми подкасти «Нерӯи волидон”-и гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ”, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” омода шудааст, дар бораи чӣ будани зӯроварии ҷинсӣ, сабаб ва намудҳои он маълумот гиред. Дар ин нашр меҳмонони мо София Қосимова, ҷомеашинос ва муҳаққиқи соҳаи гендер, номзади илмҳои фалсафа, ва Гулчеҳра Раҳмонова, ҳуқуқшинос, ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар бораи стратегияҳои пешгирии зӯроварии ҷинсӣ ва нақши волидайн дар пешгири маълумот доданд. Инчунин Нодира Абдуллоева, асосгузори гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ” оид ба қоидаи НЕРУ, ки қадамҳои самарабахши дар пешгирии зӯроварии ҷинсӣ шуда метавонанд, маълумот дод.