Radio Doostitj

Ронандаи аҷиб- راننده عجیب


Listen Later

Мусофири таксӣ оҳиста рӯи шонаи ронанда даст гузошт, то аз ӯ нархи кирояро пурсад.
Ронанда фарёд кашид ва идораи мошинро аз даст дод. Мошин қариб буд ба автобус бизанад, аз бетончаи канори роҳи хиёбон боло рафт ва ҳар лаҳза мумкин буд чаппа шавад, аммо ронанда ба зӯр канори мағозае дар пиёдарав мошинро нигаҳ дошт.
Барои чанд сония ҳеҷ сухане байни ронанда ва мусофир ба миён наёмад, то ин ки ронанда рӯ ба мусофир карду ваҳшатзада гуфт:
- Ҳей мард, дигар ҳеҷ вақт ин корро такрор накун! Маро хеле сахт тарсондӣ ва наздик буд маро ва худатро бикушӣ!
Мусофир узрхоҳӣ карду гуфт:
- Ман намедонистам, ки як даст гузоштан рӯи шонаат ин қадар туро метарсонад ва осеб мерасонад!
Ронанда идома дод: Бибахшед, шумо ҳеҷ гуноҳе надоред! Имрӯз аввалин рӯзест, ки ба унвони ронандаи таксӣ ба кор баромадаам. Охир ман 25 сол ронандаи мошини мурдакашӣ будам.
Гоҳе ончунон ба такрорҳои зиндагӣ одат мекунем, ки фаромӯш мекунем ба гунаи
дигар ҳам метавон буд ва вазъият фарқ мекунад.
...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Radio DoostitjBy Salam Amin


More shows like Radio Doostitj

View all
المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

4 Listeners