Radio Doostitj

Солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ


Listen Later

Атри паёми имом Содиқ(а)
25 Шаввол солрӯзи шаҳодати имом Ҷаъфари Содиқ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯем!
Музайян кун нигоҳатро ба номи Ҷаъфари Содиқ
Ки атри офият дорад паёми Ҷаъфари Содиқ
Агар маҳтоб метобад ба шоми кӯчаҳои шаҳр
Шифои нур мегирад зи боми Ҷаъфари Содиқ
Бубин эъҷози номашро, ки меёбад табори дил
Баҳоре аз ҳаловат дар саломи Ҷаъфари Содиқ
Салобатро тамошо кун, ки ҳамчун бед меларзад
Бинои кохи Мансур аз каломи Ҷаъфари Содиқ
Тилое мепарад аз хок то сарманзили хуршед
Чу боли зарра афтад зери гоми Ҷаъфари Содиқ
Нигоҳи ғуссаро пур кун, ки дасти шаб ба ҷои нур
Шарори заҳр мерезад ба ҷоми Ҷаъфари Содиқ
Дигар эй осмони шаҳр, бас кун шаҳди боронро
Ки шуд талх аз ғаму андӯҳ коми Ҷаъфари Содиқ
Ба пояш осмон аз чашми худ хуршед меборад
Ба дил дорад чароғ аз эҳтироми Ҷаъфари Содиқ
Убур аз хатти охир пеши пои туст коре кун
Ки дастатро бигирад файзи оми Ҷаъфари Содиқ
Шукӯҳӣ
...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Radio DoostitjBy Salam Amin


More shows like Radio Doostitj

View all
المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners