ЛомМим

Аудио-ҳикоя: "Имон"


Listen Later

Нақши қалами Қодири Рустам дар  ҳаёти фарҳангии се даҳсолаи охири миллати мо басе муассир аст. Ӯ ҳамчун нависанда, муҳаққиқи адабӣ, тарҷумон ва мунаққид шинохта шудааст. Албатта, маъруфият пайдо кардан ва зиёда аз ин маҳбуби дӯстдорони адабиёт гардидан заҳмати андак талаб намекунад. Ба ин маънӣ ин адиб қаламкаши хеле заҳматкаш аст. 

Қодири Рустам 13.10.1958 дар рустои Панҷрӯди н. Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи  зодгоҳаш дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1976-1981) таҳсил кардааст.

Солҳои 1982-1992 дар нашриёти "Ирфон" ба ҳайси мусаҳҳеҳ, муҳаррири хурд, муҳаррир фаъолият доштааст.

Соли 1992-1993 мудири шуъбаи адабиёту ҳунар дар ҳафтаномаи "Чароғи рӯз" будааст.

Аз апрели соли 1994 то октябри 2007 ба ҳайси хабарнигори дафтари Хабаргузориии  Ҷумҳурии  Исломии Эрон (ИРНА) дар Қазоқистон фаъолият доштааст.

Пас аз бозгашт ба ватан дар Бемористони Ибни Сино (мудири шуъбаи кадр) ва ҳамзамон дар нашриёти "Ирфон" кор кардааст.

Маҷмӯаи қисса, ҳикоя ва эссеҳои нависанда ба номи "Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар" соли 2003 дар Олмотии Қазоқистон чоп шуда буд. Маҷмуаи ҳикояҳои ва қиссаиҳои "Чойхонаи "Роҳат" ё қиссаву ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб" соли 2010 ("Душанбе" ва романи "Пойҳо ва рӯйҳо", соли 2018, Душанбе) ба чоп расидаанд.

Адабиёти классикии форсу тоҷик, ба вежа эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз мавзӯъоти асосии тадқиқоти Қодири Рустам ҳастанд. Вай "Девони Рӯдакӣ" бо тасҳеҳ ва ҳошияю сарсухани муфассал ба чоп омода кардааст, ки аз соли 2007 то кунун ба ду хатти сирилӣ ва форсӣ дар шаҳрҳои Олмотӣ (Алмаато), Теҳрон, Душанбе, Хуҷанд 5 маротиба чоп шудааст ва беҳтарин чопи ашъори Рӯдакӣ дониста мешавад.

Қодири Рустам ба тарҷумонӣ ҳам иштиғол дорад ва ҳикояои А.Чехов, Акутагава, Лу Син, Хорхе Луис Борхес, Грант Матевосянро ба тоҷикӣ баргардонида аст. Барои тарҷумаи тоҷикии романи нависандаи рус Андрей Волос "Бозгашт ба Панҷрӯд" (роҷеъ ба зиндагии  Рӯдакӣ  барандаи ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ шуд (соли 2021).

Тарҷумаи китоби эроншиноси рус Н.В. Хаников "Андешаҳо роҷеъ ба мардумшиносии Эрон" , низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Қодири Рустам китоби "Таджики"-и мардумшиноси рус Александр Шишов, "Зайн-ул-ахбори Гардезӣ, "Сафинаи Симурғ"-и Шаҳобуддини Суҳравардиро таҳия ва чоп кардааст.

Ҳикояи "Имон"-и Қодири Рустам аз воқеаи таърихии ба Русия ҳамроҳ кардани водии Зарфашон ва сафари эъзомии низомии рус ба болооби Зарафшон (ноҳияҳояи Панҷакент, Фалғар (Айнӣ), Мастчоҳ дар соли 1870  ва муборизаи мардуми маҳал бар зидди ғосибонро дар асоси воқеъият басе муассир мунъакис кардааст. Таваҷҷӯҳи нависанда дар ин маврид аз шарҳи воқеоти таърихӣ дида ба мавзуъи ахлоқӣ ва  ҷаҳонбинии мардум бештар аст.

Умедворем, ки ҳаводорони адабиёти бадеиро шунидани достони хурди "Имон" бо садои марғуби Масъуди Мирзо хуш меояд.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

ЛомМимBy 180°