Sign up to save your podcasts
Or

"Таманно" яке аз навиштаҳои беҳтарини Марямбонуи Фарғонист. Ин асарро, ки ҳаҷман на он қадар бузург аст, нависанда бори аввал соли 2011 дар маҷмӯаи "Шаҳболи хаёл" ҳамчун қисса бо теъдоди 500 нусха интишор дода буд. Аммо муҳаққиқон сари жанри асар фикрҳои дигар гуфтанд: "Таманно" асари пурмуҳтавост, ҳарчанд ҳаҷман бузург нест, фарогирии мавзӯъҳои мухталифи ҳаёт ва банду басти он ба талаботи жанри романи даври мо ҷавобгӯй мебошад. Дар замони муосир хонанда тобу тоққати мутолиаи асарҳои бузургҳаҷмро надорад, чун имрӯз нисбат ба гузашта қимати вақт басо гарон аст. Вобаста бо тақозои замон романҳо ҳам мӯъҷаз, вале пурмӯҳтаво бояд бошад, ки хушбахтона, "Таманно" аз қабили чунин асарҳост. Чунон ки гуфтем, хонандагон асарро хеле хуш қабул карданд ва он даст ба дасти ҳаводорони насри марғуб гардид. Ин буд, ки нашриёти "Адиб" чопи дубораи китобро бевосита ба номи "Таманно" лозим шуморид. Матбуоти даврӣ дар атрофи ҳунари нависандагии Марямбону ва махсусан романи мутазакира матолиби зиёде чоп кард. Мусаллам аст, ки устодони сухан Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мӯъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Гулназар, Абдулҳамид Самад, Ардамеҳр, Юсуфи Акбарзода дар атрофи ҳаёт ва фаъолияти Марямбону дар мавридҳои гуногун бо меҳр суханҳои ташвиқкунанда гуфтаанд, ҳамчунин адибони шинохта Абдурауф Муродӣ, Нусратулло Бобоев, Исфандиёри Назар, Шодӣ Раҷабзод ва чанди дигар махсусан бахшида ба "Таманно" тақриз ва матолиби хонданбоб эълон кардаанд. Доктори илмҳои филологӣ Акбари Юсуфзода дар мавриди маҳсули қалами Марямбону - чи насру чи назму дар мақолаи "Дар ҳасрати Ватани аҷдодӣ" (маҷаллаи "Адаб") чунин баҳо дода буд: "Агар мазмуну муҳтавои ҳама навиштаҳои Марямбонуи Фарғониро мухтасар бо як ҷумла, ё бо як байт ифода кардан лозим шавад, байти зерини устод Лоҳутӣ ин мазмунро ифода мекунад: Эй меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам, Достонсаро ба васфи ту бо сад забон манам." Шоир Нусратулло Бобоев зери сарлавҳаи "Ман ошиқи Таманно шудам" дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" нигоштааст: "... вақте "Таманно"-ро, ки аз "маргу зиндагӣ" ва саргузашти талхи духтаре қисса мекунад, мутолиа мекардам, ҳам ба ӯ ошиқ шудаму дард кашидам, ҳамроҳаш суруд хондаму рақс кардам, ҳам бо вай зиндадаргӯр шудам…" Ҳамин тавр баъди мутолиа "Таманно" Исфандиёр дар ҳафтаномаи "Дишидак" зикр карда буд: "Қабл аз ҳама забони навиштории Марямбонуи Фарғонӣ дилнишин аст. Тарзи баёни нависанда барои ҷалби хотири хонанда хеле муҳим аст. Насри адабӣ хушкбаёниву парванданависиро қабул надорад. Ин ҷо бояд вожаҳо тароват дошта бошанд, пурбор бошанд ва аз лаҳну навозишу оҳангҳои беҳисоб лабрез бошанд. Ин асарро бояд аз чанд ҷиҳат мавриди баррасиву пажӯҳиш қарор дод..." Албатта, мо бо овардани андешаи суханшиносон ҳамчун муште аз хирвор дар мавриди забон ва ҳусни баёни асар иктифо мекунем. Мухтасар мегӯем, ки Таманно - қаҳрамони марказии роман намоди иффат, покӣ, доништалабӣ, муборизии бонувони тоҷик аст, ки бар асари ҷанги шаҳрвандии кишвар ба дӯшашон мушкилиҳои гӯшношунид афтода буд. Ҳодиса ва воқеаҳо, аз ҷумлаи саргузашти иштирокдорони дигари асар гоҳо бевосита ва гоҳи дигар бо воситае ба ҳаёти Таманно гиреҳ мехӯранд ва нависандаи хушбин бо як устокорӣ мушкилотро бо ҳар роҳ ҳаллу фасл мекунад. Яъне, метавон гуфт, хӯю хислати қаҳрамони асар бо характери муаллифи мушкилнописанд гӯиё тавъаманд. Беҳтараш, аз ин беш намегӯем ва суханро ба ровии хушсадо Масъуди Мирзо медиҳем, то бо лаҳни ҷаззоби хеш "Таманно"-ро ба самъи Шумо, азизони хушзеҳн бирасонанд. Умедворем, ки аз шунидани саргузашти пурмоҷаро ва марғуби Таманно, ки ба пирӯзии ӯ анҷом меёбад, хушатон меояд. Боқӣ қазоват аз Шумост.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ дар панҷ моҳи ахир расо 9 рӯзноманигор ва блогерони ҷавон ба чинояткорӣ муттаҳам шудаанд. Қисме аз онҳо аллакай бо ҷурмҳои гуногун аз 7 то 10 сол зиндонӣ гардида, боқимонда интизори ҳукми худ ҳастанд.
Бояд гуфт, оғози дастгиршавиҳо ба давраи эътирозҳои оммавӣ дар Хоруғ рост омада, аксари рӯзноманигорон ва блогерони боздоштшуда тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор гардидаанд. Моддаи мазкур барои ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ ва даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ то 15 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Аммо, ба гуфтаи коршиносон, баъзе аз блогерон ва рӯзноманигоронеро, ки ҳоли ҳозир интизори ҳукми худ ҳастанд, шояд ҳатто то 20 сол аз озодӣ маҳрум кунанд, чун дар парвандаҳояшон моддаҳои зиёд зикр шудаанд.
Як қатор созмонҳои дохиливу байналмилалӣ ин ҳолатро саркубшавии рӯшоди озодандешон дар Тоҷикистон номида, ҳукмҳои содиршударо шадидан интиқод кардаанд.
Ва аммо, бояд гуфт, подкасти имрӯзаи мо на дар бораи ҳамкасбони паси панҷара рафтаи мо асту на дар дар бобати ҳукми онҳо. Мо тайи чанд дақиқа ҳамагӣ мехоҳем дар мисоли як-ду тан маҳбуси қаблӣ вазъи зиндонҳои кишварро нишон диҳем ва аз рӯйи нақли онҳо бифаҳмем, ки чӣ қисмате метавонад рӯзноманигорон ва блогерони маҳкумшудаи тоҷикро дар оянда интизор бошад.
Подкастро бароятон ман, Ситорабону Киромова, омода кардаам.
Дар Тоҷикистон ҳамасола теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоби миёна то 400 нафар зиёд мешавад. Дар маҷмӯъ дар давоми 30 соли ахир 14540 нафар ҳамчун сироятёфта сабти ном шудаанд.
Бо шунидани ин арқом шояд аксари шумо фикр кунед, ки ҳамаи беморон бешак нашъаманданд ва ё ба тиҷорати шаҳвонӣ машғуланд, аммо тибқи маълумоти расмӣ, сол то сол вируси норасоии масунияти одам маҳз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ бештар мешавад. Тасаввур кунед, ки, масалан, аз 992 бемори навошкоршуда дар соли 2021 25%-аш муҳоҷирони меҳнатианд.
Чаро маҳз онҳо батадриҷ симои ин беморӣ дар кишвар мешаванд? Аз сироятёбии онҳо кӣ бештар зарар мебинад? Ва оё мақомоти дахлдор дар ин росто кореро анҷом медиҳанд?
Подкасти имрӯзаи мо дар ин мавзӯъ аст ва онро барои шумо ман, Ситорабону Киромова, омода кардаам.
"Хошарӯб" қиссаест пур аз ҳузну дард. Саргузашти зану марди танҳо ва як саги гаргин. Балки ин саги бемор василаест, ки нависанда мехост ду тани танҳоро ба ҳам орад. Бале, соҳиби қалам гӯиё чунин мехост, аммо нашуд. "Кош мешуд...",- ин фикр аз зеҳнҳо убур мекунад. Вале ҳамин тарзи банду баст имкон додааст, ки хонандаи ҳикоя меҳри як марди танҳову лоли ҷорӯбкашро нисбат ба як бонуи соҳиби кору бор пайгирӣ бикунад. Ба қудрати ишқу ошиқ тан бидиҳад, ки гоҳо чизҳои номумкинро имконпазир мегардонад, чунонки хошарӯби зоҳиран камсаводи лол беҳ аз байторони соҳибмаълумот бо меҳру парваришу табобати ғайримаъмулӣ саги гаргинро солим мегардонад. Қаҳрамонони ин достони басе кӯтоҳ ба зоҳир кам, аммо ба ботин хеле шабеҳи ҳамдигаранд: меҳрубонанду зебоипараст, соҳибони дили бузурганд, аммо номуроду ноком...
Муаллиф - Юнус Юсуфӣ, 15.03.1955 соли таваллуд, зодаи Панҷакент. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе. Аз соли 1999 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.
From the publisher's feed