
Sign up to save your podcasts
Or


Бо гузашти беш аз 800 сол осори Мавлоно имрӯз низ барои васли тамаддунҳо, фарҳангҳо, динҳо ва инсонҳо даъват менамояд, зеро он ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ (tolerance) нигаронда шудааст.
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Донишманди бузург орифи покизасиришт ва воизи ҳамеша зинда Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осори худ анқариб ба тамоми паҳлуҳоӣ ахлоқи инсонӣ ва муносибат бо Худову офаридаҳои ӯ нигоҳи вижаи худро матраҳ кардааст. Аммо дар мавзӯъи нафс ва паҳлуҳои гуногуни он махсусан муборизаи инсон ба ин аждаҳо ки дар зинаҳои гуногун инсонро маҳву нобуд месозад диққати махсус дода таваҷҷӯҳи хоси худро ба он равона кардааст.
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он буд мору ин бут аждаҳост.
Оҳану санг аст нафсу бут шарор ,
Он шарор аз об мегирад қарор.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ориф, шоир ва мутафаккири ваҳдатгаро ва инсонмеҳвар аст.
На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям,
На аз кони табииям, на аз афлоки гардонам.
На аз хокам, на аз обам на аз бодам на аз оташ,
Маконам ломакон бошад нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман аз ҷони ҷононам.
Арт активизм или артивизм - это новое понятие, которое редко встречается в таджикском Интернет-пространстве. В медиа-среде можно найти только несколько заметок и новостей на эту тему, пару-тройку переведенных книг и то из зарубежных изданий на русский язык, а не наших таджикских авторов, серию объявлений об участии в арт-школах, но не более того. Специальных исследований на таджикских примерах нет. Однако это не значит, что эта тема непопулярна. Напротив, сегодня мы являемся свидетелями распространения идей арт-активизма как направления и движения, способного изменить общественное мышление. В этой беседе мы вместе с нашими гостями постараемся кратко представить историю развития концепции арт-активизма в Таджикистане, этапы ее развития и основные направления в настоящее время.
В лекции поднимаются вопросы о том, почему таджикское инди-кино не находит зарубежного зрителя, и почему важно, чтобы отечественное кино попадало на фестивали. В конце лекции автор делится своим опытом о фестивальном продвижении фильма.
Аниса Сабири - независимый режиссер и сценарист, выпускница The London Film School, которую окончила с отличием, а также наградой “Выдающегося сценариста”. Стипендиат британской стипендии Chevening. Автор фильмов “Плач Танбура”, “Ритмы утраченного времени”. В настоящее время работает над производством своего первого полнометражного художественного фильма совместно с британским продюсером Люком Шиллером.
Табиист, ки на ҳар фард қобилияти қалам ба даст гирифта воқеаву ҳодисаҳо, дидаву шунидаашро ба тарзи марғуб рӯйи коғаз овардан дорад. Ин тавоноиро оне дорад, ки Худованд истеъдоди нигорандагиро барояш бебаркаш додааст. Ҳикояи "Нигоҳ" аз эҳсосу андешаҳои кӯдаке ба дунболи бархӯрд бо ду рухдоди ёдмон дар зиндагиаш - яке ҳангоми бори нахуст ба мактаб рафтан ва дигаре дидани саҳнаи хашини куштани гӯспанд бардоштааст, қисса мекунад. Чи эҳсоси баланд дорад қаҳрамони ҳикояи "Нигоҳ"!
Метавон гуфт, қаҳрамони ин достони кӯчак худи нависандаи маъруф Юнус Юсуфӣ аст.
Юнус Юсуфӣ, 15.03.1955 соли таваллуд, зодаи Панҷакент. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе. Аз соли 1999 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.
Бовар дорем, баъди шунидани достони кӯчаки "Нигоҳ" дар қироати Масъуд Мирзо ҳаводорони насри бадеии тоҷик аз ақсои олам дар ҷустуҷӯи китобҳои Юнус Юсуфӣ - "Садоҳо хомӯш намешаванд", "Зан ва анкабут", "Афсонаи Ҳафтдодарон", "Оташафрӯз", "Шинак", "Киштии Нуҳ" мешаванд.
Дуо мекунем, ки ба нависанда тавфиқ ёр бод, садои гирои адиб, рӯзноманигор ва ровии шинохта Масъуди Мирзо хастагинопазир бошад!
Нақши қалами Қодири Рустам дар ҳаёти фарҳангии се даҳсолаи охири миллати мо басе муассир аст. Ӯ ҳамчун нависанда, муҳаққиқи адабӣ, тарҷумон ва мунаққид шинохта шудааст. Албатта, маъруфият пайдо кардан ва зиёда аз ин маҳбуби дӯстдорони адабиёт гардидан заҳмати андак талаб намекунад. Ба ин маънӣ ин адиб қаламкаши хеле заҳматкаш аст.
Қодири Рустам 13.10.1958 дар рустои Панҷрӯди н. Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (1976-1981) таҳсил кардааст.
Солҳои 1982-1992 дар нашриёти "Ирфон" ба ҳайси мусаҳҳеҳ, муҳаррири хурд, муҳаррир фаъолият доштааст.
Соли 1992-1993 мудири шуъбаи адабиёту ҳунар дар ҳафтаномаи "Чароғи рӯз" будааст.
Аз апрели соли 1994 то октябри 2007 ба ҳайси хабарнигори дафтари Хабаргузориии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНА) дар Қазоқистон фаъолият доштааст.
Пас аз бозгашт ба ватан дар Бемористони Ибни Сино (мудири шуъбаи кадр) ва ҳамзамон дар нашриёти "Ирфон" кор кардааст.
Маҷмӯаи қисса, ҳикоя ва эссеҳои нависанда ба номи "Рӯдакӣ, фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар" соли 2003 дар Олмотии Қазоқистон чоп шуда буд. Маҷмуаи ҳикояҳои ва қиссаиҳои "Чойхонаи "Роҳат" ё қиссаву ҳикоёт барои хониши пеш аз хоб" соли 2010 ("Душанбе" ва романи "Пойҳо ва рӯйҳо", соли 2018, Душанбе) ба чоп расидаанд.
Адабиёти классикии форсу тоҷик, ба вежа эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз мавзӯъоти асосии тадқиқоти Қодири Рустам ҳастанд. Вай "Девони Рӯдакӣ" бо тасҳеҳ ва ҳошияю сарсухани муфассал ба чоп омода кардааст, ки аз соли 2007 то кунун ба ду хатти сирилӣ ва форсӣ дар шаҳрҳои Олмотӣ (Алмаато), Теҳрон, Душанбе, Хуҷанд 5 маротиба чоп шудааст ва беҳтарин чопи ашъори Рӯдакӣ дониста мешавад.
Қодири Рустам ба тарҷумонӣ ҳам иштиғол дорад ва ҳикояои А.Чехов, Акутагава, Лу Син, Хорхе Луис Борхес, Грант Матевосянро ба тоҷикӣ баргардонида аст. Барои тарҷумаи тоҷикии романи нависандаи рус Андрей Волос "Бозгашт ба Панҷрӯд" (роҷеъ ба зиндагии Рӯдакӣ барандаи ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ шуд (соли 2021).
Тарҷумаи китоби эроншиноси рус Н.В. Хаников "Андешаҳо роҷеъ ба мардумшиносии Эрон" , низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Қодири Рустам китоби "Таджики"-и мардумшиноси рус Александр Шишов, "Зайн-ул-ахбори Гардезӣ, "Сафинаи Симурғ"-и Шаҳобуддини Суҳравардиро таҳия ва чоп кардааст.
Ҳикояи "Имон"-и Қодири Рустам аз воқеаи таърихии ба Русия ҳамроҳ кардани водии Зарфашон ва сафари эъзомии низомии рус ба болооби Зарафшон (ноҳияҳояи Панҷакент, Фалғар (Айнӣ), Мастчоҳ дар соли 1870 ва муборизаи мардуми маҳал бар зидди ғосибонро дар асоси воқеъият басе муассир мунъакис кардааст. Таваҷҷӯҳи нависанда дар ин маврид аз шарҳи воқеоти таърихӣ дида ба мавзуъи ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии мардум бештар аст.
Умедворем, ки ҳаводорони адабиёти бадеиро шунидани достони хурди "Имон" бо садои марғуби Масъуди Мирзо хуш меояд.
«Оҳу», ҳикояи Обиди Шакурзода – адиб, пажуҳишгар ва тарҷумони тоҷик аст, ки дар партави он ҷанги бародаркуши солҳои 1990-и кишвар маҳак қарор гирифтааст. Унвони ҳикоя, яъне «Оҳу» рамзист. Гӯиё Холи сайёд, ки сайду шикори ҷонварони саҳро аз шуғлҳои ӯ будааст, дар поёни кор худ сайд шудааст. Аммо нависанда бо тасвири ҳодисоте аз рӯзгори нофарҷоми Бибӣ Собира, ноаён ба мавзуъи асосӣ мепардозад. Тасвири он рӯзҳои мудҳиш ба ҳадди боварнакарданӣ хонандаро такон медиҳад. Дар поёни кор нафрату ғазабу душманию бадбинии ақидатии ҷонибҳои ихтилоф ба тарафҳои даргир маҷоли таҳаммул намедиҳад ва тағои аз ҷангу ҷидолҳо бехабару бетарафу дуруфтода аз ин моҷароҳо ба дасти хоҳарзодаи силоҳбадасташ ноогоҳона, бо бебарҳмию ваҳшати тамом кушта мешавад. Ба ин васила, нависанда ҳушдор медиҳад, ки алҳазар аз ҷанги бародаркуш, ки на пирӯз дорад, на қаҳрамону на оқибати нек. Ҷанги бародаркуш мулкро вайрон, хонаҳоро мотамзада ва мардумонро ноком мекунад. Онгоҳ дарк мешавад, ки инҷо ОҲУ на ба маънои ҷонваре саҳроӣ, балки ба маънои дигараш, яъне ГУНОҲ омадааст. Яъне ҷанги дохилӣ, ҷанги як миллат бо худии худ гуноҳ аст, гуноҳе набахшиданию ҷуброннопазир.
Обиди Шакурзода корманди бахши адабиёту забону фолклори Энсиклопедияи миллии Тоҷик аст. Ҳамзамон ба таснифоти адабию тарҷумаи осори бузургон машғул аст. Чанде пеш китоби ӯ – «А. П. Чехо 50 ҳикоя», ба чоп расид.
Соли 2019 дигар асари ӯ – «ГУЛИСТОН»-и Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он» мунташир шуд, ки сазовори ҷоизаи Китоби соли Тоҷикистон аз суи бунёди Боргоҳи Сухан гашт.
«Китоби «БӮСТОН» ё «САЪДИНОМА»-и афсаҳ-ул-мутакаллимин САЪДИИ ШЕРОЗӢ» аз дигар таълифоти арзишманди Обиди Шакурзода аст, ки акнун дар дасти чоп мебошад.
From the publisher's feed