ЛомМим

Аудио-ҳикоя: "Нигоҳ"


Listen Later

Табиист, ки на ҳар фард қобилияти қалам ба даст гирифта воқеаву ҳодисаҳо, дидаву шунидаашро ба тарзи марғуб рӯйи коғаз овардан дорад. Ин тавоноиро оне дорад, ки Худованд истеъдоди нигорандагиро барояш бебаркаш додааст. Ҳикояи "Нигоҳ" аз эҳсосу андешаҳои кӯдаке ба дунболи бархӯрд бо ду рухдоди ёдмон дар зиндагиаш - яке ҳангоми бори нахуст ба мактаб рафтан ва дигаре дидани саҳнаи хашини куштани гӯспанд бардоштааст, қисса мекунад. Чи эҳсоси баланд дорад қаҳрамони ҳикояи "Нигоҳ"!

Метавон гуфт, қаҳрамони ин достони кӯчак худи нависандаи маъруф Юнус Юсуфӣ аст.

Юнус Юсуфӣ, 15.03.1955 соли таваллуд, зодаи Панҷакент. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе. Аз соли 1999 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ. 

Бовар дорем, баъди шунидани  достони кӯчаки "Нигоҳ" дар қироати Масъуд Мирзо ҳаводорони насри бадеии тоҷик аз ақсои олам дар ҷустуҷӯи китобҳои  Юнус Юсуфӣ - "Садоҳо хомӯш намешаванд", "Зан ва анкабут", "Афсонаи Ҳафтдодарон", "Оташафрӯз", "Шинак", "Киштии Нуҳ" мешаванд.

Дуо мекунем, ки ба нависанда тавфиқ ёр бод, садои гирои адиб, рӯзноманигор ва ровии шинохта Масъуди Мирзо хастагинопазир бошад!

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

ЛомМимBy 180°