Тавре медонед, масъалаи эҳтимолияти тахриб ва бозсозии хона-музейи устод Садриддин Айнӣ чанде пеш баррасӣ шуда буд. Хушбахтона, ин масъала ба нафъи миллат роҳи ҳалли хешро ёфт, аммо ин мавзӯъ водор кард, ки мо ба арзишҳои миллӣ аз зовияи дигар назар кунем ва ба худ суол диҳем, ки оё мо ҳамчун миллат тавони ҳифз ва пос доштани ёди бузургонамонро дорем? Ҳамчунин то чи андоза ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст, ки тавонад ба чунин равандҳои тахрибкунанда таъсир расонад. Аз ҷумла дар ин сӯҳбат шумо мефаҳмед, ки барои дақиқан кадом хидматҳояш Садриддин Айнӣ дар қатори қаҳрамонони миллӣ ҷой гирифтааст ва барои чӣ аз зиндагинома ва осори абарустод ҳар як тоҷик бояд огоҳ бошад.