ЛомМим

Аудио-ҳикоя: "Оҳу"


Listen Later

«Оҳу», ҳикояи Обиди Шакурзода – адиб, пажуҳишгар ва тарҷумони тоҷик аст, ки дар партави он ҷанги бародаркуши солҳои 1990-и кишвар маҳак қарор гирифтааст. Унвони ҳикоя, яъне «Оҳу» рамзист. Гӯиё Холи сайёд, ки сайду шикори ҷонварони саҳро аз шуғлҳои ӯ будааст, дар поёни кор худ сайд шудааст. Аммо нависанда бо тасвири ҳодисоте аз рӯзгори нофарҷоми Бибӣ Собира, ноаён ба мавзуъи асосӣ мепардозад. Тасвири он рӯзҳои мудҳиш ба ҳадди боварнакарданӣ хонандаро такон медиҳад. Дар поёни кор нафрату ғазабу душманию бадбинии ақидатии ҷонибҳои ихтилоф ба тарафҳои даргир маҷоли таҳаммул намедиҳад ва тағои аз ҷангу ҷидолҳо бехабару бетарафу дуруфтода аз ин моҷароҳо ба дасти хоҳарзодаи силоҳбадасташ ноогоҳона, бо бебарҳмию ваҳшати тамом кушта мешавад. Ба ин васила, нависанда ҳушдор медиҳад, ки алҳазар аз ҷанги бародаркуш, ки на пирӯз дорад, на қаҳрамону на оқибати нек. Ҷанги бародаркуш мулкро вайрон, хонаҳоро мотамзада ва мардумонро ноком мекунад. Онгоҳ дарк мешавад, ки инҷо ОҲУ на ба маънои ҷонваре саҳроӣ, балки ба маънои дигараш, яъне ГУНОҲ омадааст. Яъне ҷанги дохилӣ, ҷанги як миллат бо худии худ гуноҳ аст, гуноҳе набахшиданию ҷуброннопазир.  

Обиди Шакурзода корманди бахши адабиёту забону фолклори Энсиклопедияи миллии Тоҷик аст. Ҳамзамон ба таснифоти адабию тарҷумаи осори бузургон машғул аст. Чанде пеш китоби ӯ – «А. П. Чехо 50 ҳикоя», ба чоп расид. 

Соли 2019 дигар асари ӯ – «ГУЛИСТОН»-и Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он» мунташир шуд, ки сазовори ҷоизаи Китоби соли Тоҷикистон аз суи бунёди Боргоҳи Сухан гашт. 

«Китоби «БӮСТОН» ё «САЪДИНОМА»-и афсаҳ-ул-мутакаллимин САЪДИИ ШЕРОЗӢ» аз дигар таълифоти арзишманди Обиди Шакурзода аст, ки акнун дар дасти чоп мебошад.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

ЛомМимBy 180°