ЛомМим

Аудио-ҳикоя: Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати Гуптҳо


Listen Later

"Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати Гуптҳо" яке аз аввалин асарҳои нависандаи ҷавон Шодӣ Раҷабзода мебошад. Мавзӯъи навиштаҳои ӯ асосан иҷтимоӣ буда, воқеъаҳои замони моро дар бар мегирад. Чопи ҳамагӣ ду китобаш ("Растагорӣ" ва "Ранҷиш") кофӣ буд, ки қаламаш шинохта шавад ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардад. Дар соли 2018 "Растагорӣ", ки ҳикояи "Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати Гуптҳо" аз он гирифта шудааст, аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар "Китоби сол - 2018" эътироф шудааст. Ҳикояи пешниҳодшуда аз зиндагии мактаббачаест, ки бинобар вазъи молиявии бади оилааш аз таҳсил дур мондааст. Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ буда,  модараш хонашин аст, ки ба мадад ниёз дорад.

Аудио-ҳикояи мазкур бо дастгирии Институти "Ҷамъияти Кушода" - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Ровӣ: шоир ва рӯзноманигор Масъуд Мирзо.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

ЛомМимBy 180°