ЛомМим

Аудио-новелла: Ману саги оворагард


Listen Later

"Ману саги оворагард" яке аз новеллаҳои беҳтарини Шариф Халил аст, ки ҳаёти мураккаби муҳоҷирони корӣ, мушкилоти рӯзгори онҳоро дар бар мегирад. Муаллиф талош варзидааст, ки ҳолати равонии як муҳоҷири дур аз ватанро дар моварои маргу зиндагӣ́ муассир бақалам бидиҳад. Ба таъкиди адиб, баъзан дар назди баъзеҳо саги дайдуе аз одам ҳам бақадртар аст. Бахусус, агар ин одам муҳоҷир бошад, Новеллаи мазкур аз маҷмӯаи "Ширмолаҳои маҳтобӣ" - и қаламкаш интихоб гардид. 

Бояд таъкид кард, ки Шариф Халил аз соли 2017 ба ин сӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Маҷмуаи аввалини ҳикоёти ӯ бо номи "Дар пошнаи кӯҳи баланд" аз чоп баромадааст. Навиштаҳои қаламкаш боз дар маҷмуаҳои  дастаҷамъии "Се барги сабз" ва "Суғдиёна" ҷой гирифтаанд.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

ЛомМимBy 180°