Täjik ybadat aýdymy - "meniň bilen gal" -Täjik aýdymlary "mp4 / Tajik Worship Song -"Stay With Me" - Tajik Lyrics .mp4 //
1 ҚӮРИНТИЁН* 15 - Зиндашавии Исои Масеҳ1Бародарону хоҳарон, хотиррасон кардан мехоҳам, ки хушхабареро, ки пештар ба шумо эълон мекардам, қабул кардед ва дар он устувор истодаед. 2Агар шумо хушхабареро, ки эълон кардаам, маҳкам нигоҳ доред, он шуморо наҷот медиҳад, вагарна беҳуда имон овардаед. 3Аввал ин ки ман хушхабари гирифтаамро ба шумо расондам, ки чунин аст: Масеҳ, мувофиқи навиштаҷот, барои гуноҳҳои мо мурд. 4Ӯ гӯронида шуд ва дар рӯзи сеюм мувофиқи навиштаҷот Худо Ӯро зинда кард. 5Аввал Ӯ ба Петрус ва баъд ба дувоздаҳ фиристодагонаш, 6сипас дар як вақт ба зиёда аз панҷсад нафар пайравонаш зоҳир гардид. Баъзе пайравонаш аллакай вафот кардаанд, лекин бештари онҳо дар қайди ҳаётанд. 7Сипас, Ӯ ба Яъқуб ва дертар ба тамоми фиристодагонаш зоҳир шуд. 8Аз ҳама охир ба ман зоҳир шуд, ки ман ба таври ғайриодӣ фиристода шуда будам! 9Чунки ман дар байни дигар фиристодагон қадри камтар дорам. Азбаски пештар ҷамоати Худоро дунболагирӣ мекардам, ҳатто сазовор нестам, ки худамро фиристода биномам. 10Аммо ба воситаи файзу меҳрубонии Худо он чи имрӯз ҳастам ва файзе, ки Ӯ бар ман додааст, беҳуда нест. Чунки аз ҳамаи фиристодагон зиёдтар меҳнат кардам ва на ман, балки Худо ба воситаи ман бо файзаш кор мекард. 11Лекин фарқ надорад, ки шумо хушхабарро аз ман шунидед ё аз онҳо. Муҳим он аст, ки шумо ба хушхабаре имон овардед, ки ҳамаи мо онро эълон мекунем.