Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои радиоӣ

By РАО/РОNews
Download on the App Store

Гузоришҳои радиоӣ episodes

  • "928 километр марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маълум шуд"
    Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва раиси гурӯҳи маконнигории Тоҷикистон, гуфт, 928 километр (94%) хати марзи ҷумҳурӣ бо Қирғизистон маълум шуд, вале ҷузъиёти суҳбатҳои ду тарафро ошкор накард. Маълум нест, феълан кадом қитъаҳои сарҳад ҳалношуда мондааст.
    2 min
  • Шарҳи Шокирҷон Ҳакимов дар бораи боздошти Усмонзода
    Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, Саидҷаъфар Усмонзода камтар аз арзишҳои демократӣ ва бештар аз манфиатҳои ҳизби ҳоким ва шахсияти президенту давлати Тоҷикистон ҳимоят мекард ва қазияи ӯ “суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.” Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, 12-уми июн дастгир шудааст.
    3 min
  • Вокуниши Кабирӣ ба ислоҳи қонуни ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон
    Аз ин ба баъд ба ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки баъзеи онҳо худро "оппозитсия", аммо мухолифон "ҷонибдори ҳукумат" медонанд, аз ҳисоби буҷаи давлат пул ҷудо хоҳад шуд. Вакилони порлумон ин тағйиротро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 11-уми апрел қабул карданд. Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар инҷост
    3 min
  • Чаро додрасҳоро боздошту зиндонӣ мекунанд?
    Дар як соли гузашта ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз “кирдор”-е ёд шудааст, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”. Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.
    5 min
  • Сабти IMEI кори мардумро душвор кардааст
    Нархи телефонҳои мобилӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефонро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабабро ба сабти IMEI рабт доданд.
    4 min
  • Марде пораи ҷигари худро ба ҳамсараш дод
    Марде, ки порае аз ҷигарашро ба ҳамсараш дод, ин рафторашро садоқат ба модари фарзандонаш ном бурд. Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, пас аз солҳо талош барои табобати ҳамсараш, тасмим гирифт порае аз ҷигари худро ба занаш диҳад.
    6 min
  • Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол
    Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.
    5 min

About Гузоришҳои радиоӣ

From the publisher's feed

Гузоришу барномаҳои Радиои Озодиро дар ин ҷо ва дар ҳар вақти муносиб гӯш кунед.