Наздикони Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаи тоҷик, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, шикоят доранд, ки маъмурони зиндон маҳбусонро аз муошират бо ӯ манъ кардаанд. Аммо масъулони идораи зиндонҳо, ин шикоятро рад карда мегӯянд, касеро аз муошират бо Бузургмеҳр Ёров таҳрим накардаанд.