[1]."'роҳи дардовар"-Суруди ибодати форсӣ-ВИДЕО бо Сило.3gp///
ИНҶИЛИ ЮҲАННО Каломи абадӣ ба ҷисм мубаддал шуд. 1:1 Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.2 Он дар ибтидо бо Худо буд.3 Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вучуд наёфт.4 Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.5 Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.6 Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.7 Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.8 Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад. Исо — Нури ҳақиқӣ. 9 Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.10 Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд
омад, ва ҷаҳон Ӯро нашинохт.11 Ӯ назди мансубони Худ омад, ва
мансубонаш Ӯро қабул накарданд.12 Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул
карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони
Худо гарданд,13 Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши
марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.14 Ва Калом ҷисм гардид ва
дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро
дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
Шаҳодати Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар бораи худаш. 15 Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: "Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст,
зеро ки бар ман муқаддам буд"».16 Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз
бар файз пайдо кардем;17 Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд,
аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.18 Худоро ҳаргиз
касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир
кард.