Сездаҳуми Ҷимоди сонӣ солрӯзи вафоти ҳамсари вафодору фидокори ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб ҳазрати Фотима бинти Ҳизом маъруф ба Уммулбанин модари чор писар аз ҷумла Аббос ибни Алӣ маъруф ба Абулфазл ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯем!
Чор фарзанди ӯ аз имом Алӣ (к) дар қиёми хунини Карбало ҳамроҳи имом Ҳусейн ибни Алӣ (рз) дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61 шаҳид шуданд. Дуруду саломи Худо бар онон ва дӯстдоронашон бод! Ассалом эй модари исор, эй Уммулбанин
Дилхушии Ҳайдари каррор, эй Уммулбанин
Вақти тавсифи ту эй бонӯ, забонҳо лол шуд
Мадҳи ту болотар аз гуфтор, эй Уммулбанин
Ҷуз ту дар олам кадомин зан барои Зайнаб аст
Баъди Заҳро беҳтарин ғамхор, эй Уммулбанин
Ту ҳамонӣ ки ба ишқи зодаи Заҳро, Ҳусайн
Тарбият кардӣ сипаҳсолор, эй Уммулбанин
Хуш ба ҳоли ҳар кӣ чун ту ғайри гиря бар Ҳусайн
То дами охир надорад кор, эй Уммулбанин
Модари "ялҳо" саратро то абад боло бигир
Даст аз шармандагӣ бардор, эй Уммулбанин
Ҷони Аббосат биё бас кун, бароят хуб нест
Гиря бо ин чашмҳои тор, эй Уммулбанин
Бештар аз ҳар чӣ ғам дар синаат дорӣ туро
Пирии Зайнаб диҳад озор, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ, ки Ҳусайн афтода буд
Дар миёни душмани бисёр, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ Зайнаб афтод аз нафас
Аз ҳарам то қатлгаҳ сад бор, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ хаймаҳо месӯхт дар
Оташи байни дару девор, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ корвонро бе Ҳусайн
Дар миёни кӯчаву бозор, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ бар фарози найзае
Хӯрда аз паҳлӯ сари сардор, эй Уммулбанин
Хуб шуд мондӣ, надидӣ хандаи мастона бар
Аҳли байти Аҳмади мухтор, эй Уммулбанин
Мефиристем бар равонат, сад дуруд сад салом
То дами охиру сад такрор, эй Уммулбанин