
Sign up to save your podcasts
Or


Ин ҳикоя дар китоби "Ривояти суғдӣ" баъди анҷоми повести мазкур оварда шудааст ва хеле ҷолиб ҳам ҳаст. Умедворам, ки гӯш мекунед.
Сарпарасти нашр – БДА ЧТ Амонатбонк.
Дар иқдоми “Орзуҳои солинавӣ” Амонатбонк қарзҳоро бо фоизи боз ҳам пасттар пешниҳод мекунад. То 500 000 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ бо 20 фоиз. Иқдоми “Орзуҳои солинавӣ” то 31 январи соли 2022 идома меёбад.
Амонатбонк - бонки мардумии Точикистон.
Мавзӯъ: Кодекси андоз дар таҳрири нав. Меҳмонони мо - Асадуллозода Абубакр Асадулло, муовини Сардори Раёсати ислоҳоти андози вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назирҷон Назирзода, Сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон
Cар аз оғози ҳамин моҳ кодекси нави андоз ҳукми амал гирифт. Бо мақсади фаҳмотар шудани тағироте, ки дар ин кодекс ворид шудааст ва бо мақсади он ки махсусан доираҳои соҳибкорӣ, истеҳсолкунандагон ва андозсупорандагон дар бораи кодекси мазкур, зарурати ворид сохтани тағирот, имкониятҳову имтиёз ва сабукиҳои андозӣ маълумоти бештар бигиранд, мо ду нафар муттахасисро барои шарху тавзеи ин кодекс даъват кардем ва дар ду барнома атрофи ҳамин мавзӯъ суҳбат мекунем. Меҳмонони мо - Асадуллозода Абубакр Асадулло, муовини Сардори Раёсати ислоҳоти андози вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Назирҷон Назирзода, Сармутахассиси Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд.
From the publisher's feed