Нерӯи волидон

Шарҳи мухтасари подкасти Неруи Волидон


Listen Later

Барои чӣ тарбияи ҷинсӣ муҳим аст? Боре аз худ пурсидаед, ки он чӣ гуна ба амнияти фарзанди шумо алоқамандӣ дорад? Оё андеша кардаед, ки набудани иттилоъ оид ба табияи ҷинсӣ ба чӣ оқибатҳо оварда мерасонад? Ба хусус барои духтарон?

Ин ва дигар суолҳоро мо дар подкасти “Нерӯи волидон”, ки аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ” омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Бовар бар он дорем, ки мо - калонсолон, волидайн ва мутахассисони соҳаҳои гуногун метавонем дар якҷоягӣ, дунёи фарзандони худро аз хушунат ва зӯроварӣ орӣ гардонда, онҳоро дар олами меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмию дастгирикунанда тарбият намоем.

Дар подкастҳои мо - волидайн, ҳамчунин, онҳое, ки фарзондони маъюбиятдоштаро ба воя мерасонанд, аз таҷрибаи худ дар самти таълими ҷинсӣ ба фарзандонашон, сӯҳбат карда, мутахассисон, гинекологҳо, ҳуқуқшиносу равоншиносон оид ба бунёди дунёи бехатар дар атрофи фарзандон, нақл хоҳанд кард.

...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Нерӯи волидонBy Chatri Norinji / Чатри Норинҷӣ