Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki Language Learning Podcasts

By СeLCAR, Indiana UniversityEducation
Download on the App Store

Tajiki Language Learning Podcasts episodes

  • Tajiki podcast 031006
    Суманак
    Суманак ғизои махсуси наврӯзӣ аст. Барои пухтани он мардум ду- се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯз тайёрӣ дида, дар табақҳои калон донаҳои гандумро сабз мекунанд. То вақти пухтани суманак дароизии сабза бояд ба як ваҷаб расад. Одатан мегӯянд, ки агар қади сабза аз як ваҷаб дарозтар бошад, маззаи суманак талх мешавад. Вақте ки сабзаи гандум тайёр шуд, онро мекӯбанд. Барои тайёр кардани суманак боз орд ва равған лозим аст. Дар рӯи ҳавлӣ деги калонеро ба рӯи оташдон мегузоранд. Мувофиқи анъана зани калонсоли маҳалла, ки сазовори эҳтироми хурду калон мебошад, равғанро ба дег меандозад. Баъд аз он шираи сабза ва ордро меандозанд. Деги суманакро ҳамеша бо кафгирҳои калон кофтан лозим аст. Ба зери дег чор-панҷ дона сангчаи хурд мепартоянд, то ки суманак ба зери дег начаспад. Суманакро дар давоми як шабонарӯз мепазанд ва аз ин рӯ барои пухтани он хурду калони маҳалла ё деҳа даъват карда мешаванд. Дегро ҳама бо навбат мекобанд. Ҳангоми бонавбат кофтани дег занон доира менавозанд, суруд мехонанд ва мерақсанд. Кӯдакон дар атрофи дег бозӣ мекунанд. Ин байт дар бораи суманак дар байни мардуми тоҷик хеле машҳур аст:
    Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
    Дигарон дар хоб мо дафча занем.
    Аввали шаб деги суманакро дам мекунанд ва то рӯзи дигар онро намекушоянд. Пас аз тайёр шудани суманак хурду калон онро тақсим мекунанд. Суманак зеби дастархони наврӯзӣ аст.
    4 min
  • Tajiki podcast 022406
    Хони наврӯзӣ Ороиши хони наврӯзӣ яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик аст. Барои ҷашн гирифтани соли нав тоҷикон анвои гуногуни хӯрок ва шириниҳоро пухта, ҳунару маҳорати пазандагии худро намоиш медиҳанд. Тарзи ороиш ва гузоштани намудҳои гуногуни нуқлу наво дар рӯи хони наврӯзӣ низ анъанаи аҷибест. Дар ин байн суфра ва ё хони ҳафтсин хеле машҳур аст. Рақами ҳафт дар таърихи мардуми эронитабор рамзи хуб дорад. Суфраи ҳафтсин дар замонҳои қадим аз ҳафт чизе иборат буд, ки ҳар яки он чун рамзи қувваҳои некӣ ва ҳимоят аз бадӣ истифода мешуд. Тадриҷан ба он дигаргуниҳо дароварда шуданд. Вале анъанаи суфраи ҳафтсин, ки номи ҳар як чизи он дар имлои алифбои арабӣ бо ҳарфи син оғоз мегардад, то имрӯз боқӣ мондааст. Дар байни мардуми тоҷик гузоштани чизҳои зерин дар хони ҳафтсин ҳамчун анъана қабул шудааст: 1. Сабза-тақрибан ду-се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯзӣ дар рӯи табақ донаҳои гандумро сабз мекунанд. То рӯзи Наврӯз ин гандум ба дарозии як ваҷаб сабзида, хеле хушнамуд мешавад. Сабза рамзи сабзиш ва ҳосили хуб дар соли нав мебошад. 2. Себ - дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон меваи тару тозае, ки то Наврӯз мерасад, себ аст. Инчунин мева рамзи ҳосили хуб ва тарутозагӣ мебошад. 3. Сикка - танга, пули филизӣ . 4. Сирка - моеъи махсусе, ки аз анвоъи меваҳо таҳия шуда, барои тайёр кардани хӯришҳо истифода мешавад. 5. Сипанд - ҳазориспанд. Гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур будааст. Сипанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. Инчунин гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд гузошта мешавад. 6. Сир - он ҳам чизи шифобахш ва чошнии серистеъмол аст. 7. Суманак - ғизои махсуси наврӯзист, ки аз кӯфтаи сабзаи гандум, равған ва орд таҳия мешавад ва дар дегҳои калон бо иштироки ҳамаи мардуми деҳа ё гузар дар давоми як шабонарӯз пухта мешавад. Пас аз тайёр шуданаш суманакро ёру дӯстон тақсим мекунанд. Суфраи ҳафт син рамзи хубӣ, некӣ ва равшаниву покӣ аст.
    4 min
  • Tajiki podcast 021706
    Душанбе Деҳаи Душанбе дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ва дар дараи дарёи Варзоб ҷойгир буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1676 дар ин деҳа ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мешуд ва мардум барои фурӯхтани озуқа ва харид кардани маҳсулоти зарурӣ ба ин ҷо ҷамъ меомаданд. Соли 1920 амири Бухоро пас аз сарнагун гаштани ҳокимияташ ва пеш аз муҳоҷираташ ба Афғонистон дар ин деҳа истиқомат карда буд. Соли 1929, вақте ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки пештар дар ҳайати Ӯзбакистон буд, ба Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистони шӯравӣ табдил шуд, ҳамин деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри Душанбе Сталинобод ном дошт. Дар ин муддат дар шаҳр биноҳои зиёди истиқоматӣ, кӯча ва хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва бозорҳои калон сохта шуданд. Соли 1961 номи қадимии шаҳр барқарор карда шуд. Пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати тоҷикон боз машҳуртар шуд. Ҳамаи вохӯриҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии кишварҳои дигар, маҷлису конфронсҳои байналмилалӣ дар ин шаҳр барпо мешаванд. Соли 2004 тоҷикон 80- солагии шаҳрро ҷашн гирифтанд. Шаҳри Душанбе шаҳри офтобӣ, шаҳри дӯстӣ ва зебост.
    4 min
  • Tajiki podcast 021006
    Душанбе Деҳаи Душанбе дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ва дар дараи дарёи Варзоб ҷойгир буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1676 дар ин деҳа ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мешуд ва мардум барои фурӯхтани озуқа ва харид кардани маҳсулоти зарурӣ ба ин ҷо ҷамъ меомаданд. Соли 1920 амири Бухоро пас аз сарнагун гаштани ҳокимияташ ва пеш аз муҳоҷираташ ба Афғонистон дар ин деҳа истиқомат карда буд. Соли 1929, вақте ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки пештар дар ҳайати Ӯзбакистон буд, ба Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистони шӯравӣ табдил шуд, ҳамин деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри Душанбе Сталинобод ном дошт. Дар ин муддат дар шаҳр биноҳои зиёди истиқоматӣ, кӯча ва хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва бозорҳои калон сохта шуданд. Соли 1961 номи қадимии шаҳр барқарор карда шуд. Пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати тоҷикон боз машҳуртар шуд. Ҳамаи вохӯриҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии кишварҳои дигар, маҷлису конфронсҳои байналмилалӣ дар ин шаҳр барпо мешаванд. Соли 2004 тоҷикон 80- солагии шаҳрро ҷашн гирифтанд. Шаҳри Душанбе шаҳри офтобӣ, шаҳри дӯстӣ ва зебост.
    4 min
  • Tajiki podcast 020306
    Кобул хостори мадади Исломобод аст Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии Афғонистон ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаҳои амниятии кишвараш ва баррасии шароити ба Афғонистон дода шудани тахминан 150 саркардаи ҳаракати Толибон ба Покистон сафари расмӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбати ахири телефонии худро бо Парвиз Мушарраф, ҳамтои покистониаш дӯстонаву бародарона ва муносибатҳои ду кишварро фавқулодда самимӣ ва нек арзёбӣ кард. Вай афзуд, ноамнии яке аз ин кишварҳо маънои ноамнии кишвари ҳамсояро хоҳад дошт. Оқои Карзай афзуд, гардиши мол миёни Покистону Афғонистон аз 25 миллион доллар дар даврони Толибон ба 1,2 миллиард доллар расидааст, ки ин нукта ба қавли ӯ "далели манфиати амнияти Афғонистон ба иқтисоди Покистон аст". Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ӯ бо Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон дар маъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ гуфт, Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақ ба зиндагии шоиста дорад.
    Изҳороти раисҷумҳури Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки тайи чор моҳи ахир дар ин кишвар ҳодисаҳои террористӣ афзоиш ёфта, дар шаҳрҳои Афғонистон як силсила тазоҳуроти мардумӣ алайҳи афзоиши ҳаводиси ноамнӣ ва эҳтимоли даст доштани Покистон дар амалиёти ахири террористӣ сурат гирифт.
    4 min
  • Tajiki podcast 012706
    Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи бозсозии пойтахтро баҳс хоҳад кард Матлубхон Халифаев-раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, нақшаи нави кулли шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ таҳия хоҳад шуд. Ба гуфти оқои Халифаев, дар ҳоли ҳозир вазорати иқтисод ва тиҷорат ҳаҷми хароҷоти ин тарҳро ҳисоб мекунад. Бар пояи ин нақша қарор аст дар шаҳри Душанбе роҳҳои мошингард таҷдиду тармим гардида, манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд шавад. Ҳамзамон баррасии ин масъала рӯзи ҷумъаи 27 январ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.
    Раиси кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳамчунин хабар дод, ки барномаи бозсозии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон то 25 августи соли ҷорӣ такмил хоҳад ёфт. Дар моҳи сентябр 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад ва то он замон дар ин шаҳр бояд 57 бинои нав сохта шавад. Оқои Халифаев сару садоҳо дар мавриди кашфи далелҳои ришватситонӣ дар миёни муассисаҳои сохтмони Кӯлобро рад карда гуфт: "Дар соли гузаштаи 2005 аз сӯи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 12 ҳазор хонанда ва дармонгоҳҳо барои қабули беш аз 800 нафар бунёд шудааст. Ҳамзамон бо дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ 168 таълимгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ барои 1200 нафар сохта шудааст."
    Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Матлубхон Халифаев ҳамзамон гуфт, ки сохтмони бинои нав барои осебдидагони парваришгоҳи «Чорбоғ» то 9-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб ба итмом расида, кӯдакони маълул ба бинои нав кӯчонида мешаванд. Ширкати «Сангтӯда-1» гуфтааст, ки барои сохтмони бинои нави парваришгоҳ як миллион рубли русӣ ихтисос медиҳад.
    4 min
  • Tajiki podcast 012006
    15 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 19 январ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳи таҷдиди кори хадамоти шаҳрӣ дар 8 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳадафи ин тарҳ кӯмак ба Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки муасиссаҳои коммуналии ин 8 минтақаро таҷдид карда, барои сокинони ин ноҳияҳо хадамоти муносибу дастрас пешкаш намояд. Хадамоти коммуналии дастрасу мувофиқ, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, аз муҳимтарин заминаҳои рушд ва коҳиши камбизоатӣ маҳсуб мешавад. Муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бунёд шудаанд, бо гузашти вақт ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хароб шуданд, аз ҷумла шабакаҳои таъмини об ва муассисаҳои поксозиии партобҳо. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кори номуносиб ва дар бархе ҳолатҳо ҳатто набуди чунин хадамот барои сиҳатии ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад ва хароҷоти мардуми камбизоатро меафзояд. Тибқи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар 8 минтақа - Данғара, Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Рашт, Ваҳдат ва Восеъ -муассисаҳои хоҷагии манзил ва коммуналӣ таҷдид шуда, дар ин минтақаҳо партобгоҳҳои нав сохта хоҳанд шуд. Татбиқи тарҳ моҳи марти соли равон оғоз ёфта, 5 сол идома мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бо иҷрои тарҳи мазкур дастрасӣ ба шабакаҳои обрасонӣ беҳтар ва партобгоҳҳо поктар ва хадамоти шаҳрӣ бештар ҷавобгӯи ниёзҳои сокинони ин 8 шаҳру ноҳия хоҳад шуд. Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пайваста, то кунун сармоягузориҳои ин ниҳоди молӣ ба иқтисоди кишвар тақрибан ба 390 миллион доллар баробар шудааст. Дар ҳоли ҳозир, сармоягузориҳои фаъоли Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 11 барномаро ба маблағи 148 миллион доллар дар бар мегирад.
    4 min
  • Tajiki podcast 011306
    рофи миён ва дигаре ба болои китфҳо партофта мешавад. Сари мардон бояд кушода бошад, вале занон чодар мепӯшанд. Зоирон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷ чанд маросимро иҷро мекунанд. Барои тавофи Каъба зоирон бо пои рост аз Дор-ус-салом ба Масҷид-ул ҳарам ворид мешаванд. Онҳо ба санги муқаддаси Каъба наздик шуда, онро мебӯсанд ва ё бо дасташон мерасанд. Сипас онҳо бояд ҳафт маротиба дар атрофи Каъба давр зананд. Баъд аз он дасти ростро боло бардошта , ба худо ва пайғамбари ӯ салавот мехонанд. Пас аз тавоф давидан дар байни ду теппаи Ас-Сафо ва Ал- Марва оғоз мешавад. Дар дини ислом чанд қаринаи пайдоиши ин анъана мавҷуд аст ва яке аз онҳо - дар ҷустутҷӯи об ҳафт маротиба давидани Ҳоҷар мебошад. Сипас мусулмонон ба водии Арафот равон мешаванд. Қисме аз онҳо дар водии Мино ва қисме дар водии Арафот ҷойгир мешаванд. Рӯзи 9- уми зулҳиҷҷа дар инҷо хутба хонда мешавад ва зоирон намоз мехонанд. Пас аз ғуруби офтоб онҳо давон ба водии Муздалифа мераванд ва рӯзи дигар, 10 зулҳиҷҷа, ба водии Мино равон шуда, ба се сутуне, ки рамзи шайтон аст санг мепартоянд. Пас аз маросими сангпартоӣ аз тоҷирони дар ҳамин ҷо ҷойгиршуда гӯсфандҳоро мехаранд ва қурбонӣ мекунанд. Пас аз он бори дигар маросими тавофро ба ҷо меоранд. Рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа рӯзи иди Қурбон аст ва дар саросари ҷаҳон мусулмонон ин рӯзро ҷашн мегиранд. Гӯшти чорвои қурбонишуда ба мардуми мӯҳтоҷ тақсим карда мешавад. Соли равон гӯшти ҳамаи гӯсфандҳои қурбонишуда ба осебдидагони заминларзаи Покистон равон гардид. Пас аз тамом шудани ҳаҷ зоирон ҳоҷӣ номида мешаванд ва саллаи сабз мебанданд. Ин аст таърих ва давраҳои баргузории ҳаҷ ва ҷашнгирии Иди Қурбон.
    4 min
  • Tajiki podcast 010606
    Таъсиси ситоди махсус дар Вазорати энержии Тоҷикистон Вазорати энержии Тоҷикистон барои назорат ба раванди таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо нирӯи барқ ва ислоҳи садамаҳо дар ин масъала як ситоди махсус таъсис дод. Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, бинобар бидуни огоҳӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба аҳолӣ, эътирози сокинон зиёд шуд ва ҳамарӯза беш аз 100 аризаи шикоятӣ ба унвони бахшҳои вазорати энержӣ мерасад. Мақомоти шабакаи таъмини барқи шаҳри Душанбе мегӯянд, бо омадани барфи аввал хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ хароб ва зеристгоҳҳои барқӣ дучори садама шудааст. Бинобар сардии ҳаво аз якуми январ ба инҷониб истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе 70 % ва нисбат ба тобистон 3 мартаба афзудааст. Зӯҳро Раҳмонова, корманди шабакаи барқи пойтахти Тоҷикистон гуфт, бо сабаби кам будани кормандони шабакаи мазкур, на ҳамеша шикояти шаҳрвандон саривақт баррасӣ ва хатҳои интиқоли барқ тармим мешавад. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун аз ҳисоби кормандони шабакаҳои ҷумҳуриявии таъмини барқ ва нирӯгоҳи Варзоб гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, муваққатан барои ёрӣ ба шабакаи таъмини барқи шаҳри Душанбе фиристода шудаанд. Ҳамзамон бо бориши барф ва аз меъёр зиёд истифода шудани барқ, хаттҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 20 соли ахир таъмир надидаанд, фарсуда ва ғайри қобили истифода гардида, аҳолии баъзе манотиқи кишвар бидуни гармию рӯшноӣ монданд.
    4 min
  • Tajiki podcast 121605
    Лафзи ширин Дар боло ишорае кардем ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон. Устоди устодони Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улуми омӯзгорӣ Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев солҳо мегуфт, омӯзиши забон бояд аз синни 2-3-солагӣ шурӯъ шавад ва аз ҳамон вақт бояд забони дуруст ба кӯдак омӯзонида. Академик Лутфуллоев барои ин китоберо бо номи "Лафзи ширин" таҳия карда буд, ки солҳо наметавонист чоп кунад. Давлат пули чопи чунин китобҳоро надорад. Инак, хабари хуш, китобро як соҳибкори ҷавони тоҷик бе ягон андешаи фоидаи молӣ ба чоп расонд. Ба ин муносибат ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо муаллиф вохӯрд ва андешаҳои ӯву устодони дигарро дар як гузориш гирд овард. Донишманди маъруфи эронӣ Сайид Нафисӣ Бухоро ва Самарқандро зодгоҳи забони форсӣ мешуморад ва онро ба дарахти азиме монанд мекунад, ки бо вуҷуди зард шудани баргҳояш дар фаслҳои хазон реша дар таърихи ҳазорсола дорад. Оё имрӯз форсии тоҷикӣ дар Бухоро дар чи ҳол аст? Пурсидем аз нависандаи шинохташуда Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар посух гуфт, омӯзиши забон аз кӯдакӣ сар мешавад, аммо кӯдакони мо дар боғча "офтоб"-ро "қуёш" мегӯянд ва вақте ки мактаби тоҷикӣ нест, матбуоти тоҷикӣ заъиф аст ва тоҷикон дар Ӯзбакистон ояндаи забону фарҳанги худро намебинанд, дилсард мешаванд ва забон рӯ ба пажмурдагӣ меорад. Асад Гулзодаи Бухороӣ, нависанда ва журналисти саршиноси тоҷик махсусан аз қатъ шудани робитаҳои фарҳангӣ, сафари театрҳои тоҷикӣ ба Бухоро шикоят мекунад.
    Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як сӯ имкони пуштибониро аз забонҳои миллӣ дар қаламрави ҳамдигар ба вуҷуд овард, аз сӯи дигар ин ҳукуматҳоро нисбат ба забонҳои ғайрихудӣ дар қаламрави хеш бепарво ва ҳатто мутахосим кард.Ва бехабарӣ аз таҳаввулоте ки дар забони миллӣ дар ин кишварҳо ба амал меояд, пояҳои онро дар мамолики ҳамсоя заъиф мегардонад. Донишманди саршиноси тоҷик Мӯҳсини Умарзода мегӯяд, дигаргуниҳое ки имрӯз дар забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон рӯй медиҳанд, махсусан зоҳир шудани майли бештар ба лаҳҷа ва шеваҳо низ таъсири муҳлик дорад ва тоҷикони Ӯзбакистонро аз омӯзиши тоҷикӣ дур мекунад.
    4 min

About Tajiki Language Learning Podcasts

From the publisher's feed

Tajiki Language Learning Podcasts from CeLCAR