Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki podcast 121405


Listen Later

Майдон аз далер аст !Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ рӯзи сешанбе , 6 декабр дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз дусад паҳлавон аз манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз шуд.Маҳмуди Абдуллоҳ - саркотиби ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт , гуштигирон мувофиқи вазнашон ду рӯз рақобат мекунанд. Як хабар аз натоиҷи мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо миёни наврасон барои дарёфти ҷоизаи хотираи Мутеулло Муллобоев - гуштигири маъруфи тоҷик . Ин мусобиқа низ дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе баргузор шуда , бо пирӯзии гуштигирони мактаб - интернати тамоюли варзишии пойтахти кишвар ва ноҳияи Рӯдакӣ ба анҷом расид . Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ паҳлавонони наврас Файзалӣ Ҷебов , Дилшод Мӯъминов , Наҷибуллоҳ Ҷабборов , Абубакр Зоиров ва Абубакр Раҳмонов мақоми аввалро касб карданд. Хабари дигар ин аст , ки аз 7 то 17 декабр дар Деҳлӣ - пойтахти Ҳиндустон - мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони то чаҳордаҳсола баргузор мешавад . Дар ин бора Ёқуб Раҳимов - муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод . Вай гуфт , дастаи Тоҷикистон аз варзишгарони наврас - Шаҳноза Умарова , Икром Илҳомзода, Умедҷон Саидов ( ҳарсе аз Душанбе ) ва Амал Олимов ( аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд ) иборат аст. Ёқуб Раҳимов , ҳамчунин иттилоъ дод , ки Фаррух Амонатов - шатранҷбози машҳури тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон -- 2005 дар шаҳри Ханти - Мансийски Русия ширкат карда , байни 128 нафар дар мақоми 64- ум қарор гирифт.
...more
View all episodesView all episodes
Download on the App Store

Tajiki Language Learning PodcastsBy СeLCAR, Indiana University