ДАСТАРХОН

ДАСТАРХОН

Download on the App Store

ДАСТАРХОН episodes

  • Раҳматҷон: Ҳамаи он нафароне, ки дар Русия ё хориҷа кор мекунанд, бесавод нестанд! | Садои муҳоҷир #1

    Дар нашри аввал бо Раҳматҷон Каримов – омӯзгори муҳоҷир ҳамсӯҳбат шудем. Раҳматҷон 30 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд аст. Соли 2016 бори аввал ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Бинобар нокифоягии маблағ дар мактаб ва таъминоти ниёзи оила Раҳматҷон роҳи Русияро пеш гирифтааст... Ин нашр бештар дар бораи мушкилии як муҳоҷири тоҷик, ки ба танҳоӣ ба Русия рафтааст, тасаввуроти як ҷавони тоҷик дар бораи ин кишвар, аз ҷустуҷӯи ҷойи хоб то бақайдгирӣ ва орзуҳои муҳоҷири тоҷик қисса мекунад.


    Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф ва ин подкасти «Садои муҳоҷир» аст!

    Подкаст дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф хоҳад зад. Фасли аввали подкасти мо аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирон» қисса мекунад.

    Дар ин подкаст бевосита бо худи муҳоҷирони корӣ, ки меҳмонони асосии моянд, аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо суҳбат мекунем.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: ⁠taplink.cc/rasonanigor⁠

    ~ Обратная связь: ⁠Telegram-канал⁠⁠⁠⁠; ⁠Instagram⁠⁠; ⁠Facebook⁠; ⁠YouTube⁠⁠⁠⁠ | E-mail: [email protected]

    23 min
  • Садои муҳоҷир: чанд нуктаи муҳим оид ба подкасти ҷадид

    Салом алейкум дӯстон, бо шумо Ҷамшед Маъруф!

    Тарҳи ҷадиди мо таҳти унвони «САДОИ МУҲОҶИР» манзури шумост!

    16 феврал Мактаби расонаии JMBpictures дар якҷоягӣ бо ТҶ «Расонанигор» подкасти ҷадидеро зери унвони «САДОИ МУҲОҶИР» нашр кард. Фасли аввали подкаст аз «Мушкиливу дастовардҳои муҳоҷирони меҳнатӣ» қисса мекунад. Дар ин подкаст мо бевосита бо худи муҳоҷирон ҳамсуҳбат мешавем..., ба садои онҳо гӯш медиҳем, то онҳоро бишнавему бишнаванд..., аз ҳаёту рӯзгор, кору фаъолият ва таҷрибаву саргузаштҳои онҳо пурсон хоҳем шуд...

    ️Агар Шумо низ хоҳиши иштирок дар подкасти моро дошта бошед, пас ба мо бинависед, мо ҳатман бо Шумо ҳамсуҳбат мешавем!

    Шоми 16-уми феврал, соати 18:00, нашри аввали подкасти «Садои муҳоҷир»-ро дар саҳифаҳои иҷтимоии мо интизор шавед: taplink.cc/rasonanigor⁠

    ~ Обратная связь: ⁠Telegram-канал⁠⁠⁠⁠; ⁠Instagram⁠⁠; ⁠Facebook⁠; ⁠YouTube⁠⁠⁠⁠ | E-mail: [email protected]

    2 min
  • Нақши милитсия дар пешгирии амалҳои номатлуб то куҷо назаррас аст? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #3)

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»!

    Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид.

    Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Абдусабури Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    21 min
  • Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик барои мардум чӣ медиҳад? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #2)

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»!

    Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд.

    Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Садриддин Саидов, ҳуқуқшинос, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    19 min
  • Ислоҳот дар соҳаи милитсияи тоҷик чиро метавонад иваз намояд? | ДАСТАРХОН (Нашри вижа #1)

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба нашри вижаи «ДАСТАРХОН»!

    Дар ин нашри вижа мо перомуни «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсияи тоҷик» ҳарф хоҳем зад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «03» майи соли 2014, таҳти №296 «Барномаи ислоҳоти ё рушди милитсия барои солҳои 2014-2020» тасдиқ шуд. Инчунин, барои идома додани ислоҳот дар соҳаи милитсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «01» июни соли 2021, таҳти №211 «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Ин барнома ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян менамояд. Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат намуда метавонанд.

    Ва имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ҳузур доранд.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    16 min
  • Рустам Гулов – «Муаллими одӣ назар ба вазиру соҳибкор бояд обрӯяш баландтар бошад» | ДАСТАРХОН #1 (2)

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба фасли дуюми подкасти «ДАСТАРХОН»!

    Фасли дуюми подкасти мо ба мавзӯи «Муҳимияти донишандӯзӣ: хонем ё нахонем» бахшида шудааст. Ва инак, имрӯз дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» бо Рустам Гулов, блогнавис ва коршиноси расонаӣ оид ба «Зарурати доштан ё надоштани диплом» суҳбат хоҳем кард.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    42 min
  • Музаффар Бобоҷонов – ҷалби донишҷӯён ба хизмат, суғуртапулии сарбоз, набудани омори мушаххас | ДАСТАРХОН #10

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!

    Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    27 min
  • Дилшод Ҷӯраев – шатта задан, ярлики «буз», ҷой доштани «система», вазифаи камераҳои назоратӣ | ДАСТАРХОН #9

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!

    Ҳангоми баррасии парвандаҳо, оё ба кору фаъолияти адвокатҳо ва ё барои иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон дар мурофиаҳои судӣ монеаҳо низ ҷой доранд; ҷараёни сабт ё наворгирӣ аз рӯи қонунгузорӣ чӣ гуна аст: дар кадом вақт иҷозат ва манъ аст; сабаби ҷой доштани режими дедовшина ё бузургсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ; оё роҳе вуҷуд дорад, ки ҳамин «системае», ки дар қисмҳои ҳарбӣ ҷой дорад, онро коҳиш дод; оё ҳамаи қазияҳои вобаста ба дедовшина то суд мераванд ва ё як қисми онҳо пӯшида, яъне дар қисмҳои ҳарбӣ мемонанд; ҳамин камераҳои назоратӣ дар қисмҳои ҳарбӣ кай ва дар кадом маврид истифода мешавад; ё танҳо дар ҳолати содир шудани ҷиноят ва ё шикоят бурдан, истифода бурда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ (адвокат) мавриди баррасӣ қарор додем.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    14 min
  • Дилшод Ҷӯраев – даъвати ғайриқонунӣ, адолати судӣ ва риоя нашудани тартиби хизмати ҳарбӣ | ДАСТАРХОН #8

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!

    Шумо, ки бо парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон кор мекунед, мегуфтед, ки дар робита ба ин масъала бештар аз чӣ шикоят мекунанд; тамоюли нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон коҳиш ёфта истодааст ё сол то сол меафзояд; аз рӯи таҷриба, онҳое, ки даъво доранд, ҳуқуқҳояшон нақз шудааст, қазияро то охир мебаранд ё шояд ҳастанд ҳолатҳое, ки бо таъсири он ё он омил аз даъвояшон даст мекашанд; оё ҳамаи онҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар ин самт нақз шудааст, барои барқарор кардани адолат ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд; парвандаҳои вобаста ба нақзи ҳуқуқҳои даъватшавандагону сарбозон то куҷо шаффоф баррасӣ мешаванд?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ (адвокат) мавриди баррасӣ қарор дод.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    14 min
  • Музаффар Бобоҷонов – суғуртаи ҷону саломатии сарбоз, ҳаҷми он ва мушкилиҳои суғуртапулӣ | ДАСТАРХОН #7

    Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!

    Ҳаҷми маблағи суғурта барои сарбоз чанд аст ва он барои чӣ пешбинӣ шудааст; суғурта то куҷо барои хизматчии ҳарбӣ ҳатмӣ аст; даъватшаванда қабл аз ба хизмати ҳарбӣ рафтан, ҷону саломатии худро суғурта мекунад; маблағи суғуртаро кӣ пардохт мекунад: хизматчии ҳарбӣ ё волидайни ӯ ва ё давлат; дар сурати ба ягон ҳолати фавқулода дучор шудани сарбоз, чӣ қадар маблағ вобаста ба ҳаҷми суғурта пардохт карда мешавад?... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф якҷоя бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд.

    Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures

    15 min

About ДАСТАРХОН

From the publisher's feed

Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!