
Sign up to save your podcasts
Or


Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
25 ҳазору 200 сомонӣ – арзиши хидмати алтернативие, ки дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд; киҳо метавонанд, бо пардохти маблағи мазкур ин навъи хидматро адо кунанд; барои супоридани маблағи хидмати якмоҳа ё адои хидмати алтернативӣ даъватшаванда бояд ба куҷо муроҷиат намояд; даъватшавандагоне, ки ин намуди хизматро, яъне хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ мегузаранд, аз даъватшаванда ё сарбозе, ки як-ду сол хизмати харбии мӯҳлатнокро адо мекунанд, чӣ фарқ дорад; худи хизмати алтернативӣ ин чӣ навъ хидмат аст; дар кадом ҳолатҳо ба Шумо маблағи пардохтшударо бармегардонанд? Оё чунин ҳолат ҳам ҷой дорад... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Комиссариати ҳарбӣ оид ба даъват чӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дорад ва онҳоро то куҷо дуруст анҷом медиҳад; комиссияи даъвате, ки ҳар сол ташкил карда мешавад, он аз рӯи кадом меъёрҳо интихоб мегардад; дар кори пизишконе, ки аъзои комиссияи даъват ҳастанд, то куҷо шаффофиятро дидан мумкин аст; оё ҳастанд, ҳолатҳои фишороварӣ нисбат ба фаъолияти пизишкони комиссияи даъват; дар сурати аз ҷониби комиссияи даъват пешниҳод шудани маълумоти бардурӯғ дар бораи даъватшаванда, нисбати комиссияи мазкур чӣ муҷозоте пешбинӣ шудааст... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Ваъдаи замини наздиҳавлигӣ за сӯи мақомоти маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонон ба хизмат то куҷо амалишавандаанд; хизматчии ҳарбӣ ё сарбоз аз кадом ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бархӯрдор аст; кӯмакпулие, ки барои сарбозон дода мешавад, чӣ қадар аст ва он аслан барои чӣ пешбинӣ шудааст; ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ вақте сарбоз бемор шавад, раванди табобати ӯ чӣ гуна сурат мегирад ва маблағи онро кӣ пардохт мекунад... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ баррасӣ намуд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Сабаби саркашии ҷавонони синни даъват аз адои хидмати ҳарбӣ дар чист; чаро бархе аз онҳо намехоҳанд хидмат бикунанд, дар ин ҷо чӣ омилҳое вуҷуд доранд; қабули қонуни нав то куҷо мушкилоти сарбозшикорӣ ё «облава»-ро аз байн мебарад; мутобиқи қонуни нави хизмати ҳарбӣ, минбаъд онҳое, ки дар шӯъбаҳои магистратура ва докторантура таҳсил мекунанд, ба хизмати ҳарбӣ низ ҷалб карда мешаванд ё на; оё баъд аз адои хидмат хатари тарки таҳсил кардани бештари ин ҷавонон мавҷуд нест... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Музаффар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Имрӯз ҷавони синни даъват мутобиқи Қонуни нави ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» чӣ ӯҳдадориҳо дорад; то куҷо ҷавонони синни даъват ин ӯҳдадориҳояшонро иҷро мекунанд; дар сурати риоя нашудани ин ӯҳдадориҳо, даъватшавандаро чӣ паёмадҳо интизор аст; даъватшаванда ва волидайни ӯ чӣ ҳуқуқҳо доранд; онҳо то куҷо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ҳастанд ва то кадом андоза аз он дифоъ карда метавонанд... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи ТҶ ДОШ дар Тоҷикистон, баррасӣ намуданд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Ташаббуси қабули Қонуни нави ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз тарафи кӣ буд; оё назари ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз қабули қонун ба инобат гирифта шуд, қонуни нав такя ба таҷрибаи кадом кишварҳо мекунад ва он то куҷо ба имконият ва шароити кунунӣ мутобиқ аст, дар қонун чӣ имтиёзҳое барои даъватшавандагон пешбинӣ шудааст, тибқи муқаррароти нав, киҳо ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизматро доранд ва киҳо чунин ҳукуқро надоранд, ҳадаф аз ҷорӣ кардани хизмати пулакӣ дар чист... Ин ва дигар суолҳоро Ҷамшед Маъруф ва Ҷаҳонгир Мирсалимов дар якҷоягӣ бо меҳмони подкасти «ДАСТАРХОН» – Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи ТҶ ДОШ дар Тоҷикистон, баррасӣ карданд.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Салом алейкум, бо шумо Ҷамшед Маъруф, хуш омадед, ба «ДАСТАРХОН»!
Шоми 15-уми июл, соати 19:00, дар подкасти «ДАСТАРХОН» бо Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи ТҶ ДОШ дар Тоҷикистон доир ба «Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»» суҳбат хоҳем кард.
Моро ҳамеша пайгирӣ намоед ва ба саҳифаҳои мо обуна шуданро фаромӯш накунед: taplink.cc/jmb_pictures
Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ доир ба мавзӯи «Даъвати ҷавонон ба артиш: аз ӯҳдадорӣ то облава» бахшида шуда, онро дар якҷоягӣ бо журналисти ҷавон ва далелсанҷ Ҷаҳонгир Мирсалимов анҷом хоҳем дод.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 ин нахустин нашри подкасти мо мебошад. Дар меҳмонии «ДАСТАРХОН» раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов қарор доранд.
Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
Шоми 20-уми январ, соати 19:00, подкасти тозаэҷод таҳти унвони «ДАСТАРХОН» бо Ҷамшед МАЪРУФ!
Меҳмони барнома раиси Иттифоқи сарбозони вилояти Суғд, коршиноси ҳарбӣ Музаффар Бобоҷонов.
Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
Суҳбати бидуни формати журналист Ҷамшед МАЪРУФ доир ба масъалаи «Фарқи пневмония аз коронавирус» бо пизишки амрози дарунӣ, духтури дараҷаи олии беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд Аҳрулло Дӯстамов дар подкасти «ДАСТАРХОН».
Моро пайгирӣ намоед, то ҳамеша бохабар бошед!
From the publisher's feed