هفدهم ربيع الأول سالروز میلاد باسعادت امام جعفر صادق رحمة الله عليه بر همه مسلمانان مبارک باد Мадина ғарқи сафо зи рӯи ҳазрати Содиқ
Дамид атри Муҳаммад зи бӯи ҳазрати Содиқ
Фурӯғи моҳи Набиро, ки Макка ёфт дар ин шаб
Мадина дида дубора зи рӯи ҳазрати Содиқ
Шаби дурахшиши хуршеди осмони улум аст
Ки нур медиҳад аз чор сӯи ҳазрати Содиқ
Ба сони Замзаму Тасниму Салсабил равон аст
Улуми Оли Муҳаммад зи ҷӯи ҳазрати Содиқ
Зи каҳкашони фазилат танин фиканда ба олам
Хурӯши адли Алӣ аз гулӯи ҳазрати Содиқ
Чароғи роҳнамои башар ба олами тавҳид
Ҳамеша мешунавӣ гуфтугӯи ҳазрати Содиқ
Ба эҳтироми Расулу Аливу Фотима бин
Худо намуда ато обрӯи ҳазрати Содиқ
Намоз пояи дин асту шуд лаҳзаи охир
Васияте, ки бурун аз гулӯи ҳазрати Содиқ
Сипосу ҳамд Худоро, ки доимо бошад
Равон муҳаббати дилҳо ба сӯи ҳазрати Содиқ
Худо кунад, ки Сабо бар машоми мо бирасонад
Шамими накҳати мушкин зи бӯи ҳазрати Содиқ