Хуш ятимӣ, бар тамоми анбиё тоҷи сарӣ
Дар насаб аз аввалину охирин болотарӣ
Номи ту Тоҳову Ёсин, ваз-зуҳо васфи рухат
Мӯи ту вал-лайлу рӯят офтоби ховарӣ
Кай туро нисбат ба фарзандони Одам мекунанд
Дигарон аз хоку ту аз нури поки доварӣ
Гарчӣ Мӯсо Раб аринӣ мезанад бар кӯҳи Тур
Дар мақоми "қоба қавсайн" ҳамчу моҳи анварӣ
Гарчӣ Исо бар сари ин чархи чорум ҷо гирифт
Ту ба хилватгоҳи Раҳмон меҳмони дигарӣ
Гар Худо дода ба Юсуф ин ҳама ҳусну ҷамол
Шукри Аллоҳ аз ҳама хубони олам беҳтарӣ
Гар Сулаймон подшоҳӣ карда бар рӯи замин
Ё Набӣ саллӣ алайка подшоҳи маҳшарӣ
Мурсалин дар масҷиди Байтул-муқаддас гашта ҷамъ
Интизорат мекашанд то рӯ ба меҳроб оварӣ
Ҳаст Абдуллоҳи мискин толиби як нимнигоҳ
Интизорат мекашад то рӯ ба мискин оварӣ