Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр
Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар
Ҳайф аз ин умр, ки эй бе сару по
Дар пайи тарбиятат кардам сар
Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст
Бе хабар аз падараш кард сафар
Ранҷ бисёр кашиду пас аз он
Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар
Оқибат шавкату волоӣ ёфт
Ҳокими шаҳр шуду соҳиби зар
Чанд рӯзе бигузашту пас аз он
Амр фармуд ба эҳзори падар
Падараш омад аз роҳи дароз
Назди ҳоким шуду бишнохт писар
Писар аз ғояти худхоҳиву кибр
Назаре афканд ба саропои падар
Гуфт: Гуфтӣ, ки ту одам нашавӣ
Ту кунун ҳишмату ҷоҳам бинигар
Пир хандиду сараш дод такон
Гуфт: Ин нукта бурун шуд аз дар
«Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ
Гуфтам: Одам нашавӣ, ҷони падар»
Мансӯб ба Абдураҳмони Ҷомӣ