Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Ҳар рӯз бо дуоҳои моҳи шарифи Рамазон 07
    Худоё, маро дар ин моҳ ба рӯза ва шабзиндадорияш ёрӣ кун ва маро дар ин моҳ аз лағзишҳо ва гуноҳаш дур дор ва ба ман дар ин моҳ ҳамеша зикратро насиб кун, ба тавфиқат, эй роҳнамои гумроҳон!
    1 min
  • Ҳар рӯз бо дуоҳои моҳи шарифи Рамазон 06
    Худоё, дар ин моҳ
    маро барои наздик шудан ба нофармоният хор макун ва маро бо тозиёнаи хашмат мазан ва аз ончи сабаби хашми ту мешавад маро дур кун бо миннат ва атоҳоят, эй ниҳояти дилбастагии муштоқон!
    2 min
  • Васфи Уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро ҳамсари фидокор ва вафодори Расули Худо ҳазрати Муҳаммади
    Даҳуми моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат уммулмӯъминин ҳазрати Хадиҷаи Кубро ҳамсару вафодору фидокори Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) баъд аз таҳаммули ранҷу сахтиҳои фаровон ба хусус баъд аз се сол муҳосираи золимонаи ҷоҳилонаи мушрикони Қурайш дар дарраи Абӯтолиб амӯ ва ҳомии содиқи Расули Худо (с) дори фониро тарк кард ва ба дидори маъбуди худ шитофт. Ин сол Расули Худо (с) ду ҳомии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ва отифии худ ҳазрати Хадиҷа ва Абӯтолибро аз даст дод ва ин ғам чунон сангин буд, ки ин солро "Омул-ҳузн" номид. Салому дуруди Худованд бар ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳомиёну пайравони муҷоҳиду мухлиси он ҳазрат бод!
    6 min
  • Ҳар рӯз бо дуоҳои моҳи шарифи Рамазон 05
    Худоё,
    дар ин моҳ маро аз истиғфоркунандагон гардон
    ва маро дар ин моҳ аз бандагони шоистаи фармонбарат гардон
    дар ин моҳ маро аз авлиёи муқаррабат гардон
    ба меҳрубоният, эй меҳрубонтарини меҳрубонон
    1 min
  • Рӯзаҳоятон қабул бошад, рӯзааввалиҳо!
    Шеъри Рӯзааввалӣ
    Рӯза гирифтам имсол
    Барои аввалин бор
    Саҳар падар садо кард
    Шудам якдаъфа бедор
    Ба ғайри рӯзадорӣ
    Корҳои хубе доштам
    Як гул додам ба модар
    Дигар дар боғча коштам
    Як сура ҳифз кардам
    Дубора ҷон гирифтам
    Вақте барои ифтор
    Ду дона нон гирифтам
    Вақти азон расида
    Намозро бихонам
    Хушҳолу меҳмони
    Худои меҳрубонам
    Модар мегӯяд: Асло
    Ту ингуна набудӣ
    Чӣ қадр ту хубӣ, эй кош
    Ҳамеша рӯза будӣ
    Рӯзаҳоятон қабул бошад, рӯзааввалиҳо!
    2 min
  • Ҳар рӯз бо дуоҳои моҳи шарифи Рамазон 04
    Худоё,
    дар ин моҳ маро бар анҷоми фармонат қавӣ кун
    ва дар ин моҳ ба ман ширинии ёдатро бичашон
    ва дар ин моҳ бо карамат маро барои адои шукрат ёрӣ кун
    ва дар ин моҳ маро бо ҳифзу пӯшиши худат муҳофизат намо
    эй бинотарини биноён!
    2 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners