Эй мардум, ба ростӣ моҳи Худо бо баракату раҳмату мағфират ба шумо рӯ овардааст. Моҳе, ки назди Худо беҳтарин моҳ аст ва рӯзҳояш бартарин рӯзҳо ва шабҳояш беҳтарин шабҳо ва лаҳзаҳояш бартарин лаҳзаҳо аст. Моҳе аст, ки дар он ба меҳмонии Худо даъват шудаед ва аз шоистагони каромати Худо гаштаед! Дар ин моҳ нафасҳоятон тасбеҳ, хобатон ибодат, амалҳоятон қабул ва дуоятон пазируфта аст! Пас бо ниятҳои рост ва дилҳои пок аз Парвардигоратон бихоҳед, ки дар ин моҳ ба шумо тавфиқи рӯзадорӣ ва тиловати китоби худашро ато кунад!