
Sign up to save your podcasts
Or


Моника бовар мекард, ки вазифаааш муҳим аст, аммо пазмони рӯи гирду лабони тунук, чашмони хирабини ӯ мешуд, ки қаблан пешаш ҷилва мекард, ягон чизро тӯли ҳафта ё моҳ мепурсид… Барояш ин бузургтарин воқеа маҳсуб меёфт. Аммо дар ин муддат, ки ҳуҷраи холии кори рейхфюрерро дар ин бино посбонӣ мекунад, боре дидори ӯ насибаш нашуда буд. Аз ин ҷиҳат ғам мехӯрд ва таи дил мегуфт «Мабодо дар ин мақом, ки ба ӯ лоиқ дидаанд, саҳми янга набошад?». Вале боз ҳам саманди фикраш ба самти дигар метозид... (Порае аз роман)
-Ту ба зани ман даст дароз кардӣ, номусулмон!- шӯрид ӯ ва Аҳтам худро қафо кашида роҳи гурезро пеш гирифт, чун ҳуш ба сараш зад, ки шарикашро танҳо гузоштааст, бозгашт. Полис Кӯкибоевро даст баста ба самти номаълум кашолакунон мебурд. Марди ҳиндусимо аз паси ў бо овои баланд, ба роҳгузарон, ки ин манзараро тамошо мекарданд, мегуфт:
-Ба ҳамсари ман даст дароз кард.
-Кофир, номусулмон,-нафратолуд садо дар медоданд мушоҳидон. (порае аз роман)
Кӯкибоев бо дастуру нишондодҳои возеҳу рӯшан ба Кобул омад. Аз рӯи эҳтиром ба ҳузури Амир Олимхон даромада, ӯро ба сиёсати олам, ки марбут ба ҷанги ҷаҳонӣ буд, мутаваҷҷеҳ сохт. Амир, ки инони давлатдориро хеле барвақт аз даст дода, иродату нерӯмандияш заиф гашта буд, ба рўи меҳмонон бо табассум нигарист. Гӯшаш низ гарон буд, ки яке аз мулозимонаш суханони Кӯкибоевро ба самъаш бо овои баланд ироа мекард. (Порае аз роман)
Фурсат ғанимат аст, чун Гитлер дар бунёди Туркистон ба мо туркҳо такя кардааст, на ба форсҳои Осиёи Миёна, ки худро тоҷик муарифӣ мекунанд ва ҳамчун ягона қавми ориёӣ дар ин қора худро меросбари барҳақи ин тамаддун мешуморанд. (порае аз роман)
Шумо ин масъаларо дар Берлин бори дигар баррасӣ кунед. Ба Валӣ Қаюмхон фаҳмонед, ки дар юрише, ки ба Туркистон сурат мегирад, ширкати Туркияро чун давлати манфиатдор дар мадди аввал гузорад. Вагарна Олмон ба танҳоӣ сиёсати фашистиро пеш мегирад, ки ин мавҷудияти Туркистонро дар оянда зери суол мегузорад. (Порае аз роман)
Ҳукумати Шӯравӣ ба дин фишор оварда, паи он ҷаҳд менамояд, ки дар заминаи давлатҳои миллӣ ба авлавияти дину оин роҳ надиҳад, балки «маданиятеро рўи кор монданист, ки он шаклан миллӣ бошаду мазмунан сотсиалистӣ», аллакай ин чизро шиори ормонҳои хеш кардаанд, мардум бошад аз ин раванди кори онҳо норозиянд. Ночор ба он сар фароварда, дам дарун задаанд. (порае аз роман)
-Амир Олимхон, агар ба қадри хеш мерасид, ҳокимиятро аз даст намедод, балки ба дандон онро нигоҳ медошт. Такя ба ӯ нишони кўтаҳназарии мост, ки ҳанўз ба воқеият на дуруст сарфаҳм рафтаему на ба он баҳои сазовор додаем. (Порае аз роман)
From the publisher's feed