
Sign up to save your podcasts
Or


-Мустафо Чоқаев ба Амир Олимхон нома ирсол дошта, дар он аз нақшаи дар пешистода хабар дода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба ҳаракати онҳо амалан ҳамроҳ шавад. Амир Олимхон ба ӯ ҷавоб додааст, ки дар ин шабу рўз аз баски мариз аст, наметавонад шахсан дар ин гиру дор саҳм гузорад, аммо ҷонибдоронашро, ки дар хоки Афғонистон ва қисман дар собиқ Аморат ба сар мебаранд, чунин дастур хоҳад дод.... (Порае аз роман)
Доро дар ин рӯз баъд аз чошт бо ин хонуми зебо рӯ ба рӯ омад. Агар медонист, ки иртиботи қавӣ бо рейхфюрер Гимлер дорад, ҳаргиз густохӣ зоҳир намекард. Бехабар аз ин ба ӯ лутф кард:
-Ориёидухтари асил, чӣ мешавад анбонатонро то ҷойи даркорӣ бардорам.
-Ту? -гуфту ба рўи Доро нигоҳаш дармонд, гўё он бо асал даромехта буд, ки шириние эҳсос кард ва ба табассуми малеҳ хости дили Дороро мақбул донист..... (Порае аз роман)
Чоқаев гўё бо рейхфюррер Гиммлер муносибати хеле наздик доштаасту ӯро дар мақоми роҳбари Туркистони озод диданро борҳо ба одамони қарин ба Валӣ Қаюмхон гӯшрас намуда будааст, ки ӯ худро дар ин мақом роҳату ивазнашаванда тасаввур накунад.... (порае аз роман)
Чошт баъд аз хўрок Доро ба сайри атрофи бошишгоҳ баромад. Биное, ки дар он Валӣ ва вазирони ӯ қарор доштанд, воқеан муҳташам буд. Дар ин бино барои рейхфюрер Гимлер низ ҳуҷраи корӣ шабеҳи коргоҳи роҳбари Кумитаи «Туркистони озод» сохта буданд, ки чун ҳуҷраи кори Валӣ Қаюмхон тоза нигоҳдорӣ мешуд.... (Порае аз роман)
Чуноне, ки дар мактаби омодагӣ дар Марказ устоди солдидааш Георгиев, ки сарашро дар ин кор сафед кардааст, ба такрор мегуфт: «Асоси кори мо ҷосусонро шубҳа ташкил медиҳад. Ҳар касе, ки аз ин ҳунар маҳрум аст, ӯ аз ӯҳдаи ягон кор баромада наметавонад. Зудбоварӣ ҷосусро ба варта мебарад....» (Порае аз роман)
Доро ба ҳуҷраи хоб омад, онҷо ҷавони навхати тошкандӣ Аҳтам, машғули омӯзиши забон буд, калимаҳоро дар варақе сабт карда, онро дар рӯ ба рӯи кати хобаш дар девор овехта буд ва таҳи дил ба такрор мехонду хотираашро машқ медод....(порае аз роман)
Нашри ахбори молия ва иктисод бо дастгирии БДА ЧТ "Амонатбонк" тахия мешавад. Пардохти қарзи бонкӣ бо “Амонат-мобайл” имконпазир аст.
Карзи бонкии худро бо “Амонат-мобайл” ба таври фосилавӣ пардохт кунед.
1885. Амонатбонк-бонки мардумии Точикистон.
Нашри ахбори молия ва иктисод бо дастгирии БДА ЧТ "Амонатбонк" тахия мешавад. Пардохти қарзи бонкӣ бо “Амонат-мобайл” имконпазир аст.
Карзи бонкии худро бо “Амонат-мобайл” ба таври фосилавӣ пардохт кунед.
1885. Амонатбонк-бонки мардумии Точикистон.
From the publisher's feed