Эй машъали ҳидоят
Эй зиндаи ҳамешаи таърих, эй шаҳид!
Эй машъали ҳидояту эй мазҳари умед!
Эй он, ки қатра-қатраи хуни ту дар масоф
Сад ҷӯю руду сели хурӯшон биёфарид!
Эй он, ки дасти саъйи ту дар паҳнаи набард
Бас пардаҳои макру фиребу риё дарид!
Эй мазҳари фазилату тақво, дарахти дод
Аз хуни пок туст, ки сар бар фалак кашид!
Арзонии ту бод шаҳодат, аз он ки Ҳақ
Ин ҷомаро ба қомати озодагон бурид!
Эй сурхрӯи ҳар ду ҷаҳон, в-эй шаҳиди Ҳақ
Бингар чӣ лолаҳо, ки зи хоки ту бардамид!
Эй парчами рисолати пайғамбарон ба дӯш
В-эй аз диёри фатҳу зафар дода сад навид!
Эй қаҳри инқилобии ту ҳамчун озарахш
Оташ зада ба хирмани аҳримани палид!
Моро чӣ ҷои сӯг бувад, эй шаҳиди Ҳақ,
Аз он ки ҳаст мурдани ту зодани ҷадид!
Шоиста миллате, ки бинозад ба марги сурх
Боиста уммате, ки ба олам бувад шаҳид!
Туроби Муфидӣ