Чигуна ба номуҳаррам нигоҳ накард???
Ҷавоне аз ҳаким пурсид: Ман наметавонам ба духтарону занони номаҳрам нигоҳ накунам. Чӣ кор кунам?
Ҳаким косаи сафолини пур аз шир ба дасташ доду гуфт, ки ин косаро дар даҳ дақиқа солим ба хонаи фалон ниёзманд бибар ва бояд саъй кунӣ, ки заррае аз шир аз коса берун нарезад ва баргард то роҳнамоият кунам.
Ҳаким шахси қудратмандеро ҳам ҳамроҳи ҷавон фиристоду ба ӯ гуфт: Агар як зарра ширро ба замин бирезонад дар пеши чашми ҳамаи мардум ӯро латукӯб кун!
Ҷавон, бе он ки як қатра ширро бирезонад косаи пур аз ширро солим ба мақсад расонд ва бинобар тавсияи ҳаким ба назди ӯ баргашт.
Ҳаким пурсид: Чанд духтару зан сари роҳи худ дидӣ?
Ҷавон ҷавоб дод: Ҳеҷ! Фақат ба фикри он будам, ки дар замони таъиншуда ширро нарезонда бирасонам ва косаро нашиканам то мабодо пеши чашми мардум латукӯб шавам ва хору беобрӯ гардам. Албатта барои гирифтани роҳнамоии шумо ҳам шитоб доштам.
Ҳаким гуфт: Ин ҳикояти мӯъмин аст, ки ҳамеша Худо ва фариштагони маъмури навиштану сабти амалҳояшро ҳозиру нозир бар корҳояш мебинад ва дар тули умри худ эҳтиёт мекунад, ки имону амалҳои шоиста аз байн набарад ва вазифаашро дуруст ва саривақт анҷом диҳад то гирифтори азоби хоркунанда назди ҳамагон ва маҳрум аз подошу саодат нашавад.
Оё инсон намедонад, ки Худо ӯро мебинад!
Сураи Алақ, ояти 14