ای بانوی اطهر نمونه - در وصف حضرت فاطمه زهرا رضوان الله تعالی علیها - Бонуи намуна
Тақдим ба пешгоҳи сарвари бонувони олам ва биҳишт
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (Саломи Худо бар ӯ бод)
Эй бонуи атҳари намуна
В-эй духти Паямбари намуна
Эй Фотима, эй ҳабибаи Ҳақ
Маҳшур ба Кавсари намуна
Ғайр аз падарат касе надорад
Монанди ту духтари намуна
Ҳамвора Хадиҷа медурахшад
Дар қуллаи бовари намуна
Тубо ба мақоми ту Алиро
Ҳамкуфвию ҳамсари намуна
Ақди ту дар осмон малак хонд
Эй ҳамсари шавҳари намуна
Зодӣ ту Ҳасан, Ҳусейну Зайнаб
Эй Тоҳира, модари намуна
Ганҷинаи илму маърифатро
Н-ояд чу гавҳари намуна
Зайнаб зи ту дарси мантиқ омухт
То гашт суханвари намуна
Эй бар дари ту малак муқарраб
Эй бар фалак ахтари намуна
Рӯ ҳар кӣ ба даргаҳат ниҳода
Розӣ шуда аз дари намуна
Аз Ҳақ ҳама дам салом бар ту
Эй зодаи раҳбари намуна