Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Хадиҷаи Кубро (рз) ҳамсари намунаи Расули Худо (с) همسر نمونه رسول خدا
    Ба номи Худо
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
    Дар фазилати Хадиҷаи Кубро (рз) ҳамсари вафодору фидокори Расули Худо (с)
    Дунё агарчӣ мисли Паямбар надошта
    Гуфто Набӣ мисоли ту ҳамсар надошта
    Додӣ тамоми сарвати худро ба роҳи Ҳақ
    Дини Худо ба мисли ту ёвар надошта
    Имони ӯ саромади имону он замон
    Ҳамроҳ ғайри Аҳмаду Ҳайдар надошта
    Ҷуз роҳи растагориву ҳамроҳии Расул
    То охирин нафас ғами дигар надошта
    Вақте вуҷуди поки ту шуд маҳди Фотима
    Яъне касе шабеҳи ту модар надошта
    Аз ту насиб кард Худо Оли Мустафо
    Ҷуз ту касе чу неъмати Кавсар надошта
    Имони ӯ садоқату таслими Кирдигор
    Ҷуз сабру шукр дар раҳи довар надошта
    Ризвони Ҳақ ба ҳамсари шоистаи Расул
    Дар ҳамсариву фазл баробар надошта
    3 min
  • Дар азамати духтари ҳазрати Алӣ паёмовари Карбало ҳазрати Зайнаби Кубро در عظمت حضرت زینب کبری
    Солрӯзи вафоти ҷонсӯзи паёмовари Карбало ва парчамдори қиёми Ошӯро ва эҳёгари аҳдофу ормонҳои имом Ҳусейн сайидушшуҳадо ҳазрати Зайнаби Куброро ба ҳамаи мусулмонон ва ошиқони хонадони Расули Акрам таслият мегӯем. Дуруду саломи Худованд бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад бод!
    Сабрро маънову мафҳуме ба номи Зайнаб аст
    Эҳтироми ишқ ҳам аз эҳтироми Зайнаб аст
    Доварӣ бингар, ки дар бедодгоҳи шаҳри Шом
    Бо Ҳусайн ҳамдаст гаштан иттиҳоми Зайнаб аст
    Муштро карда гиреҳ дар лаҳзаи ҳассос гуфт:
    Ин Ҳусейн, фармондеҳи олам, имоми Зайнаб аст
    Гуфт душман, гаштаед мағлуб бо хости Худо
    "Ҷуз ҷамоли Ҳақ надидам", ин каломи Зайнаб аст
    Нест нобудӣ барои ҳақ, барои аҳли ҳақ
    Зикри хайру растагориҳо давоми Зайнаб аст
    Бешараф бо Хайзарон мезад ба лабҳои Ҳусайн
    Мастӣ пирӯзӣ ба фикри интиқоми Зайнаб аст
    Гарчӣ душман хешро пирӯзи майдон хонда буд
    То қиёмат нусрату раҳмат ба коми Зайнаб аст
    Дар раҳи Ҳақ то дами охир бимонед пойдор
    Бо шаҳодат, бо асорат, ин паёми Зайнаб аст
    Бо ҷиҳоди хеш кардан доимо бо иқтидор
    Фошу расвои риёкорон мароми Зайнаб аст
    Дар раҳи Қуръону Ислом ҷонфишонӣ иззат аст
    Шӯҳрати хуни Ҳусейнӣ бо қиёми Зайнаб аст
    Сабр ҳам шармандаи мардонагияш гаштааст
    Шукр бар лаб аз ризои Ҳақ мақоми Зайнаб аст
    Медиҳам бо ифтихор имрӯз бар Зайнаб салом
    Неъмати нуру ҳидоят аз саломи Зайнаб аст
    8 min
  • Ҳаққи падар бар фарзанд - حق پدر بر فرزند
    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
    Ҳаққи падар бар фарзанд
    Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусейн (рз) дар "Рисолаи ҳуқуқ" дар бораи ҳаққи падар бар фарзанд мефармояд:
    وَ أَمَّا حَقُّ أَبِيكَ فَتَعْلَمُ أَنَّهُ أَصْلُكَ وَ أَنَّكَ فَرْعُهُ وَ أَنَّكَ لَوْلَاهُ لَمْ تَكُنْ فَمَهْمَا رَأَيْتَ فِي نَفْسِكَ مِمَّا يُعْجِبُكَ فَاعْلَمْ أَنَّ أَبَاكَ أَصْلُ النِّعْمَةِ عَلَيْكَ فِيهِ وَ احْمَدِ اللَّهَ وَ اشْكُرْهُ عَلَى قَدْرِ ذَلِكَ وَ لا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ
    Ва аммо ҳаққи падарат, ин аст ки
    бидонӣ ӯ аслу решаи ту аст ва ту шохаи ӯ ҳастӣ
    ва бидонӣ, ки агар ӯ набуд ту ҳам набудӣ
    Пас ҳар гоҳ дар худ чизе дидӣ, ки аз он хушат омад, бидон, ки дар ҳақиқат падарат асли он неъмате аст, ки ту дорӣ.
    Ва Худоро ба хотири ин неъмат ҳамду ситоиш кун ва Худоро ба ҳамон андоза шукр бигӯ
    Ва нест қуввату тавоне барои адои ҳамду шукри Худо ва адои ҳаққи падар ҷуз ба қуввату тавони Худо.
    3 min
  • 12 сухани гуҳарбори имом Ҷавод (рз) سخنان گهربار امام جواد
    Имом Ҷавод (рҳ) фармуд:
    اَلمُؤمِنُ یَحتاجُ إلی ثَلاثِ خِصالٍ: تَوفیقٍ مِنَ اللهِ وَ واعِظٍ مِن نَفسِهِ وَ قَبُولٍ مِمَّن یَنصَحُهُ
    Мӯъмин ба се хислат ниёз дорад: тавфиқе аз тарафи Худо ва панддиҳандае аз дарунаш ва қабули насиҳат аз касе, ки ӯро насиҳат мекунад.
    Туҳафулуқул, саҳ 457
    10 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners