Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Офтоби оламоро офтобӣ мекунад- иди мабъас муборак - عید مبعث مبارک باد
    Офтоби оламоро офтобӣ мекунад
    Бо ашиъа ранги дилҳоро шаҳобӣ мекунад
    Ин чӣ дарёест эъҷози ҳисобӣ мекунад
    Чашми ҳар бинандаашро нуқраобӣ мекунад
    Худ дил аст ин, дилбар аст ин, раҳнамову раҳбар аст
    Ин расули ҳақ Муҳаммад, ҳазрати пайғамбар аст
    Кӯҳи Нуру сахраҳояш хам шуда дар саҷдааш
    Ошно Ғори Ҳиро бо нағмаи ҳар саҷдааш
    Бутаҳои ин биёбон гӯиё дар саҷдааш
    Мекунад ҳам хоку боду обу озар саҷдааш
    Кист ин Ҷибрил дорад май ба ҷомаш медиҳад
    Ҳам Худо, ҳам Макка, ҳам ҳастӣ, саломаш медиҳад
    Дар садоқат дар амонат доимо бошад масал
    Ҳастиаш холӣ бувад аз айбу ҳар нақсу халал
    Гавҳари гуфтори ӯ ширинтар аз шаҳди асал
    Бар лабаш тарроҳии “Ҳайя ало хайриламал”
    Кинаҳои монда дар дил бо ухувват хатм шуд
    То ки бо дасти Муҳаммад ин нубувват хатм шуд
    Иди мабъас омаду дида чароғонӣ шуда
    Деви ҷаҳлу ноумедӣ сахт зиндонӣ шуда
    Арш биншаста ба фаршу фасли меҳмонӣ шуда
    Рӯҳи мо бо зикри Аҳмад рӯҳи рӯҳонӣ шуда
    Лаҳзаи парвоз омад болҳоро боз кун
    Шодии беъсат бад-ин пар-пар задан оғоз кун
    3 min
  • Дуруди махсуси имом Мӯсои Козим درود مخصوص اما موسی کاظم
    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист
    Дуруди махсуси имом Мӯсо ибни Ҷаъфар
    اَللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى الْأَمِينِ الْمُؤْتَمَنِ مُوسَى بْنِ جَعْفَرٍ
    Парвардигоро, дуруд фирист бар амину мавриди эътимоди халқат Мӯсо фарзанди Ҷаъфар
    الْبَرِّ الْوَفِيِّ الطَّاهِرِ الزَّكِيِ‏ النُّورِ الْمُبِينِ
    некукор, вафодору тоҳиру покиза ва нури ошкор
    الْمُجْتَهِدِ الْمُحْتَسِبِ الصَّابِرِ عَلَى الْأَذَى فِيكَ‏
    дар бандагии Худо пурталошу бодиққат ва собир бар ҳамаи озоре, ки дар роҳи бандагии ту ва роҳнамоии халқат дид
    اللَّهُمَّ وَ كَمَا بَلَّغَ عَنْ آبَائِهِ مَا اسْتُودِعَ مِنْ أَمْرِكَ وَ نَهْيِكَ وَ حَمَلَ عَلَى الْمَحَجَّةِ
    Худоё, ӯ низ мисли падаронаш ончӣ аз амру наҳйи дини ту наздаш амонат буд, ҳамаро ба халқи ту расонд ва бори фармони Илоҳиро ба роҳи шариату роҳи мустақим бурд
    وَ كَابَدَ أَهْلَ الْعِزَّةِ وَ الشِّدَّةِ فِيمَا كَانَ يَلْقَى مِنْ جُهَّالِ قَوْمِهِ‏
    ва дар баробари аҳли ғуруру сахтгирон ва ончӣ аз ҷоҳилони қавмаш дид сабру пойдорӣ намуд ва ранҷ кашид
    رَبِّ فَصَلِّ عَلَيْهِ أَفْضَلَ وَ أَكْمَلَ مَا صَلَّيْتَ عَلَى أَحَدٍ مِمَّنْ أَطَاعَكَ وَ نَصَحَ لِعِبَادِكَ ‏
    Пас эй Худо, бар ӯ беҳтарин, комилтарин дурудеро фирист, ки бар ҳар бандае аз бандагони фармонбардори худ ва хайрхоҳони бандагонат фиристодаӣ
    إِنَّكَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
    чун ту дар ҳақиқат омурзанда ва ҷубронкунанда ва дар ҳаққи бандагон меҳрубонӣ!
    4 min
  • Шеъри кӯдакона дар васфи имом Мӯсои Козим شعر کودکانه در وصف امام موسی کاظم
    Имом Мӯсои Козим фарзанди имом Ҷаъфари Содиқ рӯзи 25 Раҷаби соли 183 ҳ.қ. дар шаҳри Бағдод ба шаҳодат расид.
    Ҳамеша дар занҷир
    Ҳамеша дар зиндон
    Дилаш пур аз ғусса
    Лабаш, вале хандон
    Ҳамеша дар саҷда
    Ҳамеша дар такбир
    Ҳамеша мехонд ӯ
    Намоз дар занҷир
    Ба шоми зулмат нур
    Ситорае дар банд
    Сукуту торикӣ
    Ибодату лабханд
    Ҳамеша хашми ӯ
    Барои золим буд
    Умеди мазлӯмон
    Имоми Козим буд
    Ҷаъфари Иброҳимӣ
    3 min
  • 25 Раҷаб солрӯзи шаҳодати имом Мусои Козим таслият - شهادت امام موسی کاظم تسلیت
    Ҳар куҷо мурғи асирест зи худ шод кунед
    То намурдаст зи кунҷи қафас озод кунед
    Мурд агар кунҷи қафас тоири бишикаста паре
    Ёд аз мурдани зиндонии Бағдод кунед
    Чун ба зиндон ба мулоқотии маҳбӯс равед
    Аз азизи дили Заҳрову Алӣ ёд кунед
    Ғуллу занҷир бикушоед зи пояш дами марг
    З-ин ситамкории Ҳорун ҳама фарёд кунед
    Чор ҳаммол агар ҷисми ғарибе бибаранд
    Хотири Мӯсии Ҷаъфар ҳама имдод кунед
    То дами марг муноҷоту дуо кораш буд
    Гӯш бар замзамаи усваи уббод кунед
    Писараш нест бараш, ғурбати комил дорад
    Пас шумо гиря бар он куштаи бедод кунед
    Нагузоред ки Маъсӯма хабардор шавад
    Раҳм бар ҳоли дили духтари ношод кунед
    Бо дуруду салавот баҳри Набиву Олаш
    Пайрави нур шаведу хеш обод кунед. Ҳар куҷо мурғи асирест зи худ шод кунед
    То намурдаст зи кунҷи қафас озод кунед
    Мурд агар кунҷи қафас тоири бишикаста паре
    Ёд аз мурдани зиндонии Бағдод кунед
    Чун ба зиндон ба мулоқотии маҳбӯс равед
    Аз азизи дили Заҳрову Алӣ ёд кунед
    Ғуллу занҷир бикушоед зи пояш дами марг
    З-ин ситамкории Ҳорун ҳама фарёд кунед
    Чор ҳаммол агар ҷисми ғарибе бибаранд
    Хотири Мӯсии Ҷаъфар ҳама имдод кунед
    То дами марг муноҷоту дуо кораш буд
    Гӯш бар замзамаи усваи уббод кунед
    Писараш нест бараш, ғурбати комил дорад
    Пас шумо гиря бар он куштаи бедод кунед
    Нагузоред ки Маъсӯма хабардор шавад
    Раҳм бар ҳоли дили духтари ношод кунед
    Бо дуруду салавот баҳри Набиву Олаш
    Пайрави нур шаведу хеш обод кунед
    6 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners