Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Дӯстону душманони худро мешиносед? دوستان و دشمنان خودرا می شناسید؟
    Имом Алӣ ибни Абитолиб (к) фармуд:
    أصدِقاؤكَ ثَلاثَةٌ و أعداؤكَ ثَلاثَةٌ؛
    فأصدِقاؤكَ: صَديقُكَ و صَديقُ صَديقِكَ و عَدُوُّ عَدُوِّكَ
    و أعداؤكَ: عَدُوّكَ و عَدُوُّ صَديقِكَ و صَديقُ عَدُوِّكَ
    Дӯстони ту се гурӯҳ ва душманонат ҳам се гурӯҳанд:
    пас дӯстони ту инҳоянд: дӯсти ту ва дӯсти дӯсти ту ва душмани душмани ту
    ва душманони ту инҳоянд: душмани ту ва душмани дӯсти ту ва дӯсти душмани ту.
    Наҳҷулбалоға, ҳикмати 295
    Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст
    Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст
    Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт
    Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст
    3 min
  • Дар васфи имом Ҳусейн در وصف امام حسین
    Дӯст дорам ...
    Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн ибни Алӣ ва шаҳидону асирон Карбало ва дӯстдорони онон бод!
    Дӯст дорам то ту дар худ маҳву ҳайронам кунӣ
    Қатраам восил ба дарёи хурушонам кунӣ
    Дӯст дорам зарра бошам, то ки дар амвоҷи нур
    Дар бағал гириву хуршеди фурӯзонам кунӣ
    Дӯст дорам пой то сар қитъаи абре шавам
    То ба хоки лолаҳои хеш боронам кунӣ
    Дӯст дорам то дами рафтан бигирям дар ғамат
    К-аз каромат хандае бар чашми гирёнам кунӣ
    Дӯст дорам гирди Аббосат бигардонӣ маро
    Ё ки ҳамчун турраи Акбар парешонам кунӣ
    Дӯст дорам то шавад қалбам чу ҷисмат чок-чок
    Дар канори қатлгоҳи хеш меҳмонам кунӣ
    Дӯст дорам то бо ёди ташнагиҳои лабат
    Сӯзиву обам кунӣ, якбора тӯфонам кунӣ
    Дӯст дорам то вуҷуди чун биёбони маро
    Бо дами ҳамчун Масеҳо боғу бустонам кунӣ
    Дӯст дорам дар Минои ишқ ҳамчун гӯсфанд
    Баҳри ризвони Худо омода, қурбонам кунӣ
    Дӯст дорам булбули кӯи ту бошам, эй Ҳусейн
    Бо иноят баҳри ишқи Ҳақ санохонам кунӣ
    5 min
  • Моҳи шарифи Шаъбон муборак ماه شریف شعبان مبارک
    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
    Саломун алайкум ва раҳматуллоҳ
    Фаро расидани моҳи шарифи Шаъбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон табрик мегӯем!
    Моҳи шарифи Шаъбон моҳи ибодату итоат, намозу рӯза, истиғфору салавот ва зикру дуо ва шабзиндадорӣ ва пур аз хайру баракат аст.
    Бандагони шоистаи Худованд аз моҳи Раҷаб ва Шаъбон худро омодаи баҳрамандии бештар аз зиёфати Илоҳӣ дар моҳи шарифи Рамазон мекарданд.
    Барои ҳамаи мусулмонон ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон дар ин моҳ тавфиқи бандагӣ, тарки гуноҳ, баҳрамандӣ аз раҳмату мағфирати Худованд ва саломату саодати дунё ва охират ва ҳусни оқибат аз даргоҳи Парвардигор талаб мекунем.
    Худоё, ҳоҷатҳои хайри бандагони мӯъмину мусулмон ва мазлуматро баровар ва хайри дунё ва охират насибамон кун!
    Илтимоси дуо
    Худо нигаҳдоратон бод!
    3 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners