Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Имом Маҳдӣ аз фарзандони Фотима аст امام مهدی از فرزندان فاطمه است
    عن ام سلمه، قالت: سمعت رسول الله صلي الله عليه )و آله( وسلم يقول: المهدي من عترتي، من ولد فاطمه»
    Аз уммулмӯъминин ҳазрати Умми Салама нақл шудааст, ки гуфт: Аз Расули Худо (Дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш бод) шунидам, ки мегуфт: Маҳдӣ аз итрат (насл)-и ман аз фарзандони Фотима аст.
    Сунани Абӯдовуд, Сунани Ибни Моҷа, Мӯъҷами Табаронӣ ва Мустадраки Ҳокими Нишопурӣ
    2 min
  • Имом Маҳдӣ охирин умеди башар امام مهدی آخرین امید بشر
    Ба номи Худо
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
    Салом бачаҳо
    Шеъри зебоеро ба шумо мунтазирони баҳор тақдим мекунам
    Охирин Набӣ мегуфт
    Нуктаҳои пинҳонро
    Гуфт содау равшан
    Сарнавишти инсонро
    Аз наҷоти инсон гуфт
    Аз наҷоти ин дунё
    Аз вуҷуди марде, ки
    Мерасад ба доди мо
    Аз ҷаҳони оянда
    Он чиро, ки омад гуфт
    Байни ҷамъи ёронаш
    Ҳазрати Муҳаммад гуфт:
    Бар шумо мусулмонон
    Мужда боду пирӯзӣ
    Чун зуҳӯри Маҳдӣ ҳаст
    Байни умматам рӯзе
    Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
    Саломи моро ба имом Маҳдӣ бирасон!
    Худо нигаҳдор!
    2 min
  • Фироқи имом Маҳдӣ- шеъри зебо аз шайх Саъдӣ - در آن نفس که بمیرم در آرزوی تو باشم
    Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам
    Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам
    Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
    Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам
    Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
    Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам
    Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам
    Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
    Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям
    Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам
    Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон
    Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам
    Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
    В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
    4 min
  • Шеъри зебо дар фироқи имом Маҳдӣ - Сӯбҳи бе ту شعر زیبا در فراق امام مهدی
    Шеъри зебо дар фироқи имом Маҳдӣ - Сӯбҳи бе ту
    Салом бар имом Маҳдӣ, ки бо омаданаш ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад кард.
    Сӯбҳи бе ту, ранги баъд аз зуҳри як одина дорад
    Бе ту ҳатто меҳрубонӣ ҳолате аз кина дорад
    Бе ту мегӯянд: Таътил аст кори ишқбозӣ
    Ишқ, аммо кай хабар аз шанбеву одина дорад
    Ҷуғд бар вайрона мехонад ба инкори ту аммо
    Хоки ин вайронаҳо, бӯе аз он ганҷина дорад
    Хостам аз ранҷиши дурӣ бигӯям, ёдам омад
    Ишқ бо озор хешовандии дерина дорад
    Рӯи онам нест то дар орзу дасте барорам
    Эй хуш он дасте, ки ранги обрӯ аз пина дорад
    Дар ҳавои ишқи ту пар мезанад бо беқарорӣ
    Он кабутар чоҳии захме, ки ӯ дар сина дорад
    Ногаҳон қуфли бузурги тирагиро мекушояд
    Он ки дар дасташ калиди шаҳри пур оина дорад
    Қайсари Аминпӯр
    3 min
  • Мулло Насриддин ва эътирози марди тавбакор - ملا نصرالدین و مرد توبه کار
    Ба номи Худо
    Салом
    Бо барномаи "Достони омӯзанда" дар хизмати шумоем
    Ин қисмат: Эътирози марди тавбакор!
    Баъд аз намоз мулло Насриддин дар баландгӯ гуфт: Ой мардум, ҳамаатон хуб гӯш кунед!
    Мехоҳам имрӯз касеро ба шумо шинос кунам, ки дар гузашта дузду шаробхор ва нашъаманду хеле гунаҳкор буда, вале бо ин ҳол Худо ӯро ҳидоят карда ва ба ӯ тавфиқи тавба дода ва ҳоло ӯ ҳама чизро канор гузоштааст.
    Баъд гуфт: Биё Мансурҷон, баландгӯро бигиру худат барои мардум бигӯ, ки чигуна тавба кардӣ!
    Мансур омаду баландгӯро гирифт ва гуфт:
    Мардум, ман як умр дуздӣ кардам, гуноҳ кардам ва моли ҳаром хӯрдам, вале Худо обрӯямро набурд!
    Аммо аз вақте тавба кардам ва ин мулло хабардор шуда дар ҳеҷ куҷо барои ман обрӯ нагузоштааст!
    Бародару хоҳари гиромӣ, вақте ба умур ва аҳкоми дин огоҳии комил надорем, мардумро динзада накунем!
    Ҳифзи обрӯи мӯъмин яке аз бузургтарин тавсияҳои Ислом аст, ки ҳамаи мо вазифа дорем ба он амал кунем.
    2 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners