Radio Doostitj

Radio Doostitj

Download on the App Store

Radio Doostitj episodes

  • Дар орзуи дидори имом Маҳдӣ - در آرزوی دیدار امام مهدی
    Шеъри зебои шайх Саъдӣ бо садои Муродбек Насриддин Дар он нафас, ки бимирам, дар орзуӣ ту бошам
    Бадон умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам
    Ба вақти сӯбҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам
    Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам
    Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам
    Назар ба сӯи ту дорам, ғулом рӯи ту бошам
    Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам
    Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
    Ҳадиси равза нагӯям гули биҳишт набӯям
    Ҷамоли ҳур наҷӯям, давон ба сӯи ту бошам
    Майи биҳиштӣ нанӯшам зи дасти соқии ризвон
    Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам
    Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
    В-агар хилоф кунам Саъдиё, ба сӯи ту бошам
    5 min
  • Салом ман бар имом Маҳдӣ, ки ҷаҳонро пур аз адлу дод хоҳад кард - سلام من بر امام مهدی
    Саломи ман ба Маҳдиву ба қалби осмонияш
    Саломи ман ба покиву ба лутфу меҳрубонияш
    Саломи ман ба лаҳзае, ки мерасад зуҳӯри ӯ
    Саломи ман ба лаҳзае, ки мерасам ҳузури ӯ
    Саломи ман ба бӯсае, ки мерасад ба дасти ӯ
    Саломи ман ба ҳазрате, ки дода меҳру обрӯ
    Саломи ман ба ҷони ӯ саломи ман ба ҷисми ӯ
    Саломи ман ба он ки медиҳад умед исми ӯ
    سلام من به مهدی و به قلب آسمانیش
    سلام من به پاکی و به لطف و مهربانیش
    سلام من به لحظه­ ای که می رسد ظهور او
    سلام من به لحظه­ ای که می­ رسم حضور او
    سلام من به بوس ه­ای که می­ رسد به دست او
    سلام من به حضرتی که داده مهر و آبرو
    سلام من به جان او سلام من به جسم او
    سلام من به آن که می دهد امید اسم او
    4 min
  • Шеъри зебои кӯдакона - Поёни умри интизор شعر زیبای کودکانه - پایان عمر انتظار
    Поёни умри интизор
    Бо дасте аз шукӯфа
    Дар интизор ҳастам
    Рӯзе, ки ӯ бияёд
    Гӯӣ баҳор ҳастам
    Бо дасте аз шукӯфа
    Аз роҳ хоҳад омад
    Дар лаҳзае пур аз гул
    Ногоҳ хоҳад омад
    Хуршед шояд он рӯз
    Аз ғарб сар барорад
    Бар оламу бар одам
    Гармиву нур орад
    Буи гулу ҳаворо
    Он рӯз метавон дид
    Он рӯз метавон боз
    Бо ҷӯйбор хандид
    Парвонаҳо дар он рӯз
    Хоҳанд хонд овоз
    Лаб­ҳои ғунча он рӯз
    Бо хандаи мешавад боз
    Он рӯз охирин рӯз
    Аз умри интизор аст
    Поёни фасли сармо
    Оғози навбаҳор аст به نام خدا
    خدایا بر محمد و آل محمد درود فرست
    سلام بچه ها
    شعر پایان انتظار را به شما منتظران بهار تقدیم می کنم
    با دستی از شکوفه
    در انتظار هستم
    روزی که او بیاید
    گویی بهار هستم
    با دستی از شکوفه
    از راه خواهد آمد
    در لحظه ای پر از گل
    ناگاه خواهد آمد
    خورشید شاید آن روز
    از غرب سر برارد
    بر عالم و بر آدم
    گرمی و نور آرد
    بوی گل و هوا را
    آن روز می توان دید
    آن روز می توان باز
    با جویبار خندید
    پروانه ها در آن روز
    خواهند خواند آواز
    لب­های غنچه آن روز
    با خنده می­شود باز
    آن روز آخرین روز
    از عمر انتظار است
    پایان فصل سرما
    آغاز نوبهار است
    3 min
  • Салом бар имом Маҳдӣ - سلام بر امام مهدی
    Монанди хуршед
    Дар пушти абрӣ
    Ҳам бошаҳомат
    Ҳам кӯҳи сабрӣ
    Ҳам поку зебо
    Ҳам меҳрубонӣ
    Ту раҳбари мо
    Дар ин замонӣ
    Ҳар рӯзу ҳар шаб
    Дар ёди моӣ
    Ту бо муҳаббат
    Бинмо дуоӣ
    Ман чеҳраатро
    Ме­дидам, эй кош
    Дар зеҳну қалбам
    Ҳамроҳи ман бош مانند خورشید
    در پشت ابری
    هم باشهامت
    هم کوه صبری
    هم پاک و زیبا
    هم مهربانی
    تو رهبر ما
    در این زمانی
    هر روز و هر شب
    در یاد مایی
    تو با محبت
    بنما دعایی
    من چهره ات را
    می­دیدم ای کاش
    در ذهن و قلبم
    همراه من باش
    2 min
  • Ронандаи аҷиб- راننده عجیب
    Мусофири таксӣ оҳиста рӯи шонаи ронанда даст гузошт, то аз ӯ нархи кирояро пурсад.
    Ронанда фарёд кашид ва идораи мошинро аз даст дод. Мошин қариб буд ба автобус бизанад, аз бетончаи канори роҳи хиёбон боло рафт ва ҳар лаҳза мумкин буд чаппа шавад, аммо ронанда ба зӯр канори мағозае дар пиёдарав мошинро нигаҳ дошт.
    Барои чанд сония ҳеҷ сухане байни ронанда ва мусофир ба миён наёмад, то ин ки ронанда рӯ ба мусофир карду ваҳшатзада гуфт:
    - Ҳей мард, дигар ҳеҷ вақт ин корро такрор накун! Маро хеле сахт тарсондӣ ва наздик буд маро ва худатро бикушӣ!
    Мусофир узрхоҳӣ карду гуфт:
    - Ман намедонистам, ки як даст гузоштан рӯи шонаат ин қадар туро метарсонад ва осеб мерасонад!
    Ронанда идома дод: Бибахшед, шумо ҳеҷ гуноҳе надоред! Имрӯз аввалин рӯзест, ки ба унвони ронандаи таксӣ ба кор баромадаам. Охир ман 25 сол ронандаи мошини мурдакашӣ будам.
    Гоҳе ончунон ба такрорҳои зиндагӣ одат мекунем, ки фаромӯш мекунем ба гунаи
    дигар ҳам метавон буд ва вазъият фарқ мекунад.
    2 min

About Radio Doostitj

From the publisher's feed

Шунавандаи гироми, бо барномаи муфид бо мо бошед!

More shows like Radio Doostitj

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية by الموسوعة الحديثة لتلاوات الشيخ المنشاوى

المصحف المرتل للشيخ المنشاوى سور برواية حفص عن عاصم من طريق الشاطبية

3 Listeners